Иқдоми навбатии Пешвои миллат дар баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз давлатҳои ҷангзада

 

Мутаассифона, имрӯзҳо терроризм ва экстремизм дар гӯшаву канори олам доман густурдааст. Бадии ин зуҳуроти манфии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷаҳон аз он иборат аст, ки саркардагону манфиатҷӯёни ин тамоюл дини мубини исломро ба худ ниқоб мекунад. Бо назордошти ин ҳолат маълум мегардад, ки имрӯз дар ҷаҳон  давлате нест, ки аз ин ақида эмин бошад, яъне таҳдиду зарари ин зуҳуроти оламсӯзро  тамоми ҷомеаи инсонӣ беш аз пеш эҳсос менамоянд. Ҳадаф ва моҳияти  терроризм –  ин куштор, аҳли ҷомеаро бо эҳсоси доимии  тарсу  ҳарос  гузаштан  барин падидаҳо бошад, экстремизм – ин даъват ба  нооромиӣ, даъват ба ғасби  ҳокимият аст.

Аз ин лиҳоз, барои таъмини амнияти миллат ва давлат  аз соли  2006-ум инҷониб дар мамлакат фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, аз  ҷумла  ТЭТ ҲНИ, Ҳизбуттаҳрир, Ҳизбуллоҳ,  Ансоруллоҳ, Гурӯҳи -24, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, Салафия ва дигарҳо манъ карда шудааст. Ин иқдоми нек барои ҳифзи  амнияти миллӣ мебошад. Зеро маҳз бо гуноҳи роҳбарони ин ташкилотҳо баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои бемаънии Сурияву Ироқ кашида шуда, куштаву бенишон гаштаанд.

Мутаъсифона ҳоло ин ҷараёнҳо ру ба инкишоф овардааст, ки яке аз ҷохилтарини онҳо ДИИШ (Давлати Исломии Ироку Шом (Сурия)) мебошад. Муддати зиёде инчониб ин гуруҳ ҳазорҳо тан одамони бегуноҳро ба қатл расонида, тартиби ғуломдорӣ ва асримиёнагиро ба рох мондааст.

Фаъолияти давлатдории онҳо аз чингизиён тафовуте надошта, дар бисёр масъалахо разилу ҷоҳилтар мебошанд, ки ин рафтори онҳо аҳли башариятро ба таҳлуқа андохтааст ва боиси нафрату ғазаби миллионҳо одамони сайёра гаштааст.

Рӯз ба рӯз зиёд шудани кушторҳо ва харобу валангор гардидани маҳалҳои зист моҳияти ин давлатҳоро мефаҳмонад. Ба ибораи дигар ин руйхати хеле кутохи «кахрамониҳо»-и ин гуруҳе аст, ки дар асри ХХ1 ҷонибдорони он ва хоҷагони пасипардагияшон мехоҳанд дар болои устухонтудаи инсонҳо ва дарёи хун хилофати исломӣ созанд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки фирефтаи гуруҳҳои террористӣ гашта, ба доми ин ҷангҳо кашида шудаанд чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Чи тавре аз расонаҳои телевизионӣ маълум гардид, 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд.

Бо боварии комил метавон гуфта, ки иқдоми мазкур раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар буда, ба ҳамаи ин кӯдакон шароити мусоиди зиндагӣ ва ояндаи дурахшон фароҳам оварда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик вазифадор гардидаанд.

Вобаста ба ин, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ҳодисаҳо хулосаи зарурӣ бароварда, мебояд, ки шукри осиштагии Ватан намоем. Ва бори дигар дарк намоем, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштан ба ғайр аз ба сарсониву ҷанг кашидани наздикон аз ҷумла занону кӯдакон дигар ягон фоидае надорад.

 

Қоситов Ҷ.Р. – асистенти кафедраи андоз ва андозбании ДДҲБСТ

You might also like