ҲАДАФИ АСОСӢ: РАҲО КАРДАНИ КӮДАКОНИ ТОҶИК АЗ БЕСАРНАВИШТӢ
Таърих ба кулли инсоният шахсиятҳоеро офаридааст, ки онҳо дар дигаргунии ҳаёти башарият саҳми босазо гузоштаанд. Баробари огоҳӣ пайдо кардан бо таърихи халқҳои гуногуни олам мо шоҳиди он мегардем, ки гарчанде сарнавишти ин ва ё он халқиятҳоро худи онҳо дигаргун карда бошанд ҳам, нақши шахсони алоҳида дар он хеле бузург аст. Чунин шахсон хушбахтона дар ҳар давру замон вуҷуд доштанд, ки ба шарофати онҳо ҳаёти миллионҳо нафар аз ҷанг ба осоиштагӣ ва аз гуруснагӣ ба сериву пуррӣ мубаддал гардидааст.
Халқи тоҷик низ баробари дигар халқҳои дунё ба худ таърихи бою ғанӣ дошта, ҳазорҳо фарзандони боилму дониш ва далеру шуҷоъро ба воя расонидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа, яке аз чунин фарзандон мебошанд.
Ҷумҳурии азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо гуноҳи ҳизбҳо ва гуруҳҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба вартаи ҷанг гирифтор гардид. Шахсоне, ки ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ, зӯрӣ соҳиб шудан мехостанд, дар натиҷаи амалиёти нопоки худ сабабгори кушокушиҳои бераҳмонаи намояндагони халқи хеш, падарону модарон, бародарону хоҳарон, тифлон гардиданд. Акнун сарвари сиёсии кордон ва корозмудае лозим буд, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ роҳбарии ин муборизаро ба зимма гирад. Чунин сарвар, ки вазъи сиёсӣ ва низомиро бояд идора карда, масъулияти таърихиро ба дӯш мегирифт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Ӯ ба таври демократӣ ва қонунӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои мазкур интихоб гардиданд ва барои аз буҳрони амиқи сиёсию низоми баровардани Тоҷикистон ва рафъи хатари аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон нақши бузурги таърихӣ бозиданд.
Маҳз кордониву итеъдоди Худоди Пешвои муаззами миллат буд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар давраи бениҳоят ҳассос дар ҷумҳурӣ баҳри пойдор намудани истиқлолияти давлатӣ ва замина гузоштан ба ҳаёти осоиштаи мардум иқдомҳои мазкур аз қабилӣ барпо намудани артиши миллӣ, барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ ба мардум, қабули конститутсияи кишвар, қабули нишон, парчам ва суруди миллӣ андешида шуданд.
Барои мисол як рӯзноманигор нақл менамояд, ки “дар соли 1994 дар кӯчаи шаҳри Душанбе шоҳиди он шуда будам, ки як кӯдаки тақрибан як ё якуним сола синаи модари худро, ки он замон модари ӯ дар замин хобида буд барои хӯрдани шир меҷуст ва ба ҷойи шири поки модар ӯ хуни модари вафоткардаи худро мехӯрд”. Акнун моро мебояд ба худ савол диҳем, магар аз ин дида манзараи мудҳише дар дунё вуҷуд дорад?.
Ин танҳо як мисоле аст, ки ҳаёти яке аз кӯдакони замони ҷангро таҷассум мекунад. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар замони ҷанг садҳо шояд ҳазорҳо кӯдакон ба чунин ҳол гирифтор шуда буданд.
Талоши шабонарӯзӣ ва шуҷоати Пешвои миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳури ҷаҳон асту мардум аз доштани чунин Роҳбари фидокору барқароркунандаи сулҳу субот мефахранд.
Аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ мо шоҳиди он гардидем, ки шоми 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд. Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар буда, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд.
Иқдоми мазкур, шаҳодат аз сиёсати Ватандӯстонаи Пешвои миллат буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки он барои ба ҳаёти осишта баргардонидани шаҳрвандони болозикр ва дар шароити мусоиди зиндагӣ ба воя расидани кӯдакон, дар умум барои ояндаи дурахшони ин занону кӯдакон нақши беназир хоҳад гузошт.
Ахмедов Ш.Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ