ОРЗУҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ШИКАСТА БОД!

Мо омузгорони факултети инноватсия ва телекоммуникатсия пас аз ҳодисаҳои моҳҳои охир дар ВМКБ рухдода ва тамошои филми “Шикасти фитна” бо симои нопоки фардони ҷиноятпеша Мамадбокир, Улфатхонум ва ҳамаслакони онҳо боз ҳам ба хуби шинос гардидем. Дар шабакаҳо ба таври рустиву ошкор фарде бо номи Амриддин Аловатшоев зимни муроҷиаташ тариқи шабакаҳои ичтимоӣ барои бетарбибиҳо мардумро даъват менамуд. Зимни муроҷиатномаи худ, бо ибораи дигар бо тавбаи худ Аловатшоев А. бо далелҳои асоснок Мамадбокирро гунаҳкор ҳисобид ва қайд намуд ӯ дар якҷоягӣ якчанд ҷиноят содир намудааст.

Ба гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва умуман бадҳоҳони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли Мамадбоқир ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.
Мо, омӯзгорон зимни изҳороти қаблиамон вобаста ба рафтори хоси девсирату бадкирдории афроди ҷиноии Хоруғи Боло бо номи Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ҳаммаслаконаш ибрози андеша намуда, шадидан амалҳои нопоки онҳоро маҳкум намуда будем.

Имруз низ устодони факултет оид ба амалҳои навбатии бадхоҳони миллат худро бетараф нагузошта, иброз менамоем, ки ҳодисаҳои рӯзҳои моҳи майи соли равон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ аз ҷониби ҳаммаслакони афроди ҷиноятпеша Мамадбоқир дар талоши мураккаб намудани вазъи орому осудаи Ватани мо, миллати ориётабору оламшумули моро доштанд. Ин гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноятҳояшон ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшонро бо ташкил кардани гирдиҳамоӣ ноором сохта, ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ даст заданд.

Мақсад аз гуфтаҳои мо ин ҳаммаслакони Мамадбоқир бояд фаҳманд, ки дар кишвари мо гирдиҳамоӣ ташкил накунанд, оромиву осудагии моро халалдор накунанд, зеро дар ин кишвар худнамоӣ ва иғвогарӣ нашояд! Набояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи диёри азизи моро паст зананд?!

Хушбахтона бояд зикр дошт, ки оқибат чоҳкан зери чоҳ шуда, бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуд. Чунин афрод ҳаргиз ба манфиати ҷомеаи мо кор нахоҳад кард. Моро зарур аст, ки ба иттилооти баъзе ифротиёне, ки имрӯз кӯшиш доранд, байни мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо нофаҳмию нооромиро ба миён оранд, бовар накунем. Ба ёд меорем, эътирозҳо дар майдони “Шаҳидон”, ҳаракату ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби наҳзати ислом, Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайраҳо, ки ба чӣ гуна кулфатҳо мардуми моро рӯ ба рӯ намуд.

Хуллас, имрӯз, аз амали навбатии ҳаммаслакони Мамадбоқир парда аз болои асрори воқеъаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон бардошта шуд. Мардум дарк намуданд, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар ин қазия гунаҳкоранд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад.

Метавон қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбати гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва афроди ҷиноятпеша чорҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд. Танҳо бо роҳи дастаҷамъона мубориза бурдани аҳолӣ, зиёиён, мансабдорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба беадолатӣ, қонуншиканӣ хотима бахшидан мумкин аст.

Мо дар фарҷоми изҳороти хеш, аз тамоми сокинони боору номус ва ватанпарвари Бадахшон ва умуман мардуми меҳандӯсти Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ муборизаи беамон барем ва ҷавонони ноогоҳро аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза пешгирӣ намоем, то онҳо обрӯву эътибори мардуми моро дар арсаи байналмилалӣ паст назананд.

Бо умеди руҳи болидаи халқи кишвар, садоқат ба Ватан, ифтихор аз  дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамаро баҳри ободии ин кишвар даъват менамоем!

Муҳамедова Ш.Ф. – мудири кафедраи системаҳои иттилоотию коммуникатсионї ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like