СУЛҲУ АМНИЯТ ГАРАВИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодиву барор оварад.
Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, озодӣ, осоиштагӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат.
Тайи моҳҳои апрел ва майи соли равон мо шоҳиди нофаҳмӣ ва низоъҳо дар як гӯшаи зебои Тоҷикистон – Хоруғ гашта истодаем, ки он хеле шигифтангез аст. Мо чун шаҳрвадони ватандӯсти Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нангин хеле ғамгин гашта, аз мардуми баору номуси Хоруғ таҳаммул, сабр ва хирадро талабида, хоҳони онем, ки дар Хоруғ сулҳу субот устувор гардад, якдигарфаҳмӣ ғалаба намояд ва мардум зудтар аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо озод шаванд. Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи “Ваҳдат” пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид.
Моён, шаҳрвандони Тоҷикистон набояд заҳматҳои беандозаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик фаромӯш созем.
Ҳанӯз дар солҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо дар муҳорибаҳои шадиду хунин ширкат карда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштанд.
Гуруснагию афсурдагиҳоро аз сар гузарониданд, то насли оянда дар шароити сулҳу оромӣ умр ба сар барад.
Ба қадри оромиву осоиштагӣ бирасем, дӯстон!
Султонова А.Ҷ. – муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ