АФЗАЛИЯТ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ
Моҳи охир мушкилоти зуҳурнамуда дар Бадахшон ба амнияти миллии мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуд. Мушкилоти Бадахшон ба хатаре табдил гашт, ки метавонист амният ва суботи кишвари моро ба ҳам занад. Албатта, зуҳури ин мушкил баҳогузории ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи сиёсиву ҳуқуқиро талаб мекунад. Танҳо баҳогузории ҳамаҷониба ба ин масъала метавонад роҳи дурусти ҳалли онро ба миён оварад. Ба ҳар сурат нерўҳои мухталифи манфиатхоҳ дар минтақа боис шуданд, ки ин буҳрон ба як мушкилоти ҷиддии кишвари мо табдил ёбад. Зарур мешуморем, ки дар баҳогузории ин мушкилот манфиатҳои гурўҳӣ канор гузошта шуда, ба масъала аз диди манфиатҳои миллӣ ва суботи бардавоми Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда шавад. Хусусан, дар шароити имрўза вазъи кишвари мо бинобар мушкилоти сарҳадӣ бо Қирғизистон, буҳрони Афғонистон ва низои Россияву Украина мушкил шудааст, ҳалли мушкилоти Бадахшон баррасии ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Ин масъала таваҷҷуҳи хосаро металабад, то роҳи дурусти ҳалли масъала пайдо намуда шавад. Эҳтимолан мо нисбати мушкилоти Бадахшон чандон таваҷҷуҳи зарурӣ надодем ё роҳи дурусти ҳалли онро пайдо карда натавонистем, ки ҳолати буҳронӣ дар ин минтақа чандин маротиба сурат гирифт.
Таҷрибаи буҳронҳои гузашта дар минтақа нишон дод, ки роҳи мусаллаҳонаи ҳалли мушкилот василаи охирин буда наметавонад ва буҳрони минтақа дигар усулҳои беҳтар намудани вазъиятро металабад. Аз ин рў, Пешвои миллат дар суханронии худ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон раисони дигар вилоятҳои кишварро вазифадор намуд, ки дар бунёди корхонаҳои хурд ва миёна дар Бадахшон мусоидат намоянд. Албатта, роҳи иҷтимоии ҳалли мушкилот метавонад роҳи бардавоми ҳалли масъалаи Бадахшон бошад. Солҳои қаблӣ низ Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи беҳтарсозии вазъи иҷтимоии минтақаи Бадахшон ва мардуми он таваҷҷуҳи хоса менамуд. Аммо новобаста аз ин гурўҳҳое пайдо мешуданд, ки вазъиятро муташанниҷ намуда, боиси халадор гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар минтақа мегаштанд.
Дар суханронии хеш дар ин мулоқот сарвари давлат махсусан зикр намуд, ки истифодаи нерўи ҳарбӣ натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона бар колоннаи мошинҳои ҳарбие буд, ки ҷониби ш. Хоруғ ҳаракат мекарданд. Яъне, баргузории амалиёт ҳамчун амали ҷавобӣ ба ҳамлаи мусаллаҳона буд.
Як ҷиҳатро зикр намудан зарур аст, ки нерўҳои сиёсии мухталиф ба масъалаи Бадахшон аз диди мухталиф назар мекунанд. Агар гурўҳе онро ҳамчун масъулияти ҳифзу бақои давлат ва амнияти он баҳогузорӣ намуда бошанд пас дигаре онро ҳамчун амали ғайри қобили қабул медонист. Ба ҳар сурат ин мушкил бинишҳои гуногунро ба миён овард. Албатта, дар ҳеҷ сурат як ҷомеаи солим ҷонибдорӣ аз усулҳои мусаллаҳонаи ҳалли мушкил намекунад ва ҳамеша марги инсонҳоро маҳкум месозад. Аммо дар ҳама сурат мавқеъгирии давлатӣ аз мавқеъгирии шахсиву гурўҳӣ фарқ мекунад. Дар сурати ба ўҳда доштани амнияти давлатӣ ва ҳифзи суботи кишвар нафарони дар идораи давлатӣ қарордошта ҳамеша аз ин зовия ба масъала менигаранд. Албатта, дар шароити имрўза Ҳукумати кишвар ба пуррагӣ дарк менамояд, ки вазъи минтақа бисёр ҳассос мебошад. Аз ин рў, дар ягон ҳолат низоми идорӣ дар ин шароити бисёр ҳассос барои худ мушкил эҷод намекард.
Мутаасифона чун ҳарвақта мушкилии зуҳурнамуда дар Тоҷикистон, ки ба ҳастии давлати мо таҳдид менамуд, барои мухолифони дар хориҷ буда як майдон ва як шанси дигари машрўиятбахшӣ ба фаъолияти онҳо гашт. Чун ҳарвақта онҳо аз шароити ба миён омада суиистифода намуда, кўшиш мекарданд, ки мардумро бештар бар алайҳи мақомоти давлатӣ ва низоми идорӣ бишуронанд. Рўзҳои охир роҳбари Паймони миллӣ, М. Кабирӣ ҳодисаи дар Бадахшон суратгирифтаро ҳамчун наслкушӣ унвон намуда, аз ин ҳисоб мехост барои худ манфиат бардорад. Худи ин баёния баёнгари он аст, ки мухолифони дар хориҷ қарордошта барои расидани ба ҳадафҳои худ ба ҳаргуна баёния ва изҳорот омода мебошанд. Аз ин рў, моро зарур аст, ки ба мушкилоти Бадахшон таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем, то дар минбаъда шароити буҳронӣ зуҳур накунад ва заминае барои суиистифодаи мухолифони қудратталаб боқӣ намонад.
Дар суханронии худ Сарвари давлат чунин изҳор дошт, ки амалиёти дар Бадахшон баргузоршуда танҳо бар алайҳи он нафароне буд, ки ба амнияти давлат таҳдид менамуданд ва фиреби нерўҳои тахрибкорро хўрда буданд. Маблағгузории ошкоршуда, ҳамлаи мусаллаҳона, яроқу лавозимоти ҷангии тасарруфгардида ва эътирофоти баёнгашта аз ин дарак медиҳад. Ба ҳар сурат зарур мешуморем, ки мушкилоти Бадахшон ҳамаҷониба омўхта шуда, ба он баҳои саривақти ва дурусти сиёсиву ҳуқуқи ироа гардад.
Солиев Ш.Ҳ.-муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ