Таъмини амнияту оромии ҷомеа омили муҳими ободии Ватан ва пешрафти давлат
Мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар якҷоягӣ бо Президенти хирадманди худ дар давоми си соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошта, рушди тамомои соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, аз ҷумла сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Мардуми тоҷик ин неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо – истиқлолиятро аз ҳар гуна шахсони нопоку ғарази иқтисодӣ дошта ҳифз намоянд. Дар дунёи пуртазоди муосир нафарони ватанфурўше, ба монанди Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, ки аз номи дигарон суханони беасосу ҷинояткоронаро бо ҳар роҳу восита мехоҳад ба халқ расонад, танҳо як мақсад доранд, ки истиқлолияти воқеӣ ва давлати озоду мустақили тоҷиконро пош диҳанд. Мамадбоқиров М.К. аз бетарафӣ ва муросокории баъзе сокинони шаҳри Хоруғ истифода бурда, фарзандони онҳо, ҷавонони аз назари донишу ҷаҳонбинӣ заифро дар атрофи худ ҷамъ карда, ғояҳои ҷиноятиро дар мафкураи онҳо ҷой намуд.
Давоми солҳои тӯлонӣ кирдорҳои ҷиноятии ӯ бар зидди пояҳои қонунӣ ва ҳуқуқии сохти конститутсионӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият, халал расонидан ба фаъолияти сохторҳои мақомоти ҳокимияти, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, эътироз ва гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, хароб сохтани иншоот ва моликияти давлатӣ, таҳти хатар гузоштани ҳаёти дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, авбошӣ, гаравгонгирӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ равона шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн ростқавлиро пеша намуда, аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар чаҳоряк асри соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт, ки боиси ифтихор мебошад.
Боиси хушнидӣ аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат нерӯ мебахшад. Душманони миллат бошанд, аз ҳисси бадбинӣ ва ҳасуд ба давлату миллати мо назар намуда, бо террористон ва хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳамкории зич дошта, бо маслиҳати ҳамешагии аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии паймони миллӣ Алим Шерзамонов танҳо ба нооромсозии авзои ҷомеа кӯшиш мекард.
Хифзи сулҳу оромӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем. Зеро миллати мо миллати куҳанбунёду тамаддунсоз ва халқи мо соҳибмаърифату бофарҳангии тоҷик мебошад.
Раҳматова З.М. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ