ДАР КИШВАРИ АЗИЗАМОН СУЛҲУ СУБОТ ПОЯНДА БОД

Осиё марказӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое ба шумор меравад, ки шароити зиндагии арзанда дар он барои шаҳрвандон воқеона мавҷуд буда, рушди иқтисодиву иҷтимоии инсон имрўз дар ин сарзамини биҳиштосо фароҳам мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳифзи марзу бум ва сулҳу субот дар ин давлати азиз на танҳо вазифаи ҳукумату мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад.

Маҳз дар ин навори маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон аз ҷиҳати амнияти давлатӣ, ки нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар ва дигар гуна назоратҳо яке аз давлатҳои пешрафт ба ҳисоб меравад, ки ин боиси хурсандист. Бояд эътироф намуд, ки ин натиҷаи сиёсати муваффақонаи роҳбари яти олии кишвар ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли на бештар аз 20 сол мебошад.

Оромӣ дар кишварамон  барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин мақсад талошӣ меварзад. Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ѓайриқонунӣ интиқолёбии маводҳои мухаддир, силоҳ, ва дигарҳо таъмин карда истодааст.

Чӣ тавре маълум аст, аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват меорад, ки  ба таъмини сулҳу субот дар тамоми олам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Яке аз ин ҳадафҳо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои баҳамдўсти аврупоӣ мебошад. Имрўзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ин ҳадафҳо дар кишварҳои Фаронса ва Шветсария сафари расмии корӣ доранд.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хоричии кишварро ҳамчун сиёсати Дарҳои кушод пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дӯст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Бояд таъкид кард, ки давлатҳои Аврупо ба ғайр азшахсони манфури душманони миллати моро устухон медода боз ҳукумати қонунӣ доранд. Палидони Паймони гайриқонунии миллӣ ҳеч гоҳ ба ҳайати расмӣ рӯ ба рӯ шуда наметавонанд.

Мо бояд арз кунем, ки душманони миллат дар ҳама ҷо ки бошанд, мардуми тоҷикро бадном кардан мехоҳанд, зеро на ғурури миллӣ доранд ва на дӯстдори ин халқу ин миллатанд. Агар ин палидони миллатситез ғурури миллӣ медошанд, ба ботлоқи расвоӣ ва бадтиннативу бадрӯзгорӣ ғӯта намезаданд.

САМАДОВ Б. О. – дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like