ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ҶАҲОНӢ
Терроризм ва экстремизм аз масъалаҳои доғе аст, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Аз назари муҳаққиқону коршиносон, терроризм-сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад. Аммо, новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон терроризмро боз ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм, терроризми ҳастаӣ ва кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон қайд карданд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи
мақомотҳои қудратӣ тақозо дорад, ки дар ҳама вақту замон барои
пешгирӣ аз ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва
сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омода бошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди
терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир тайёр бошанд.
Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо шаҳодат медиҳанд,
ки терроризм имрӯз ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Зиёд шудани амалҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, боз ҳам
вазъи ҷойдоштаро мураккаб месозад. Терроризм ва экстремизм ба ҳар як кишвар ҷиддан таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз, бо ин зуҳуроти номатлуби асри XXI бояд якҷоя мубориза бурд.
Гуфта мешавад, ки қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои
маблағгузории терроризм ва экстремизм буда, маҳз фурӯши ғайриқонунии он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба
шумор меравад.
Терроризм ва экстремизм дар доираи як дин ва ё мазҳаб маҳдуд нашуда, дар ҳама ҳолат таҳдиди ҷиддиест барои инсоният. Тақрибан ҳар рӯз тариқи васоити ахбори омма хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар давлатҳои мусулмон, ба монанди Афғонистон, Покистон ва амсоли инҳо паҳн мешаванд, ки ин ҳам хеле нигароникунанда аст.
Ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон аз фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама нерӯи худро барои мубориза
бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани дигар
амалҳои террористӣ гирифта шавад. Вале, мутаассифона, сиёсати духӯраи баъзе кишварҳо сабаби он мешавад, ки ин вабои асри 21 дар ҳар тарафи дунё бо тобишҳои нав зуҳур кунад ва аз ин тариқ таҳдиду фишорҳо алайҳи башарият ва ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун гардад.
Тавре ки болотар ишора кардем, шинохти терроризм ва экстремизм
тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои
ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишор ва террору ифротгароӣ муборизаи беамон бубарем.
Қоситов Ҷ.Р. – ассистенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ