ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ЧУН ОМИЛИ ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ

Солҳои охир зуҳури ҳар гуна созмонҳои хосияти ифротидошта ҷомеаи моро зиёд нигарон намудааст. Хусусан даҳсолаи охир ин масъала ба як мушкили ҳалталаб табдил ёфт. Агар, як замоне кишвари мо аз фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби таҳрир, ки аъзоёни он ба таври возеҳ ва ошкоро низоми демократиро интиқод менамуданд нигаронӣ мекард, аммо манъи пурраи он низ дар ҷомеи мо мушкили ифротишавиро боз дошта натавонист. Чунин ба назар мерасад, ки ин мушкил ба як аждаҳои афсонавие табдил шудааст, ки бо гардан задан сари дигаре ба ҷои он мебарояд. Пас аз кам гаштани таъсири ин созмон ҳаракати салафигароӣ ва баъдан зуҳури ДИИШ аз ифротишавии як қатор ҷавонони кишвар дарак доданд. Хусусан зуҳури ДИИШ аз сатҳи нигароникунандаи мушкилоти ифротишавӣ дарак дод. То он замон ҷомеаи мо аз он бехабар буд, ки дар миёни он нафарони дорои тафаккури ифротӣ қарор доранд ва ба таблиғи андешаҳои зиддиинсонии хеш машғуланд.

Солҳои охир ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар кишвари мо нафарони дорои тафаккури толибонӣ ва ифротиро аз нав бедор намуд. Гўё онҳо аз ин «ғалаба»-и толибон илҳоме гирифтанд ва ҳатто чунин иддаое низ менамуданд, ки ин «хости Худо» буд. Ба қудрат расидани толибон онҳоро чунин хушҳол гардонид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғи ин низоми ғайримардумӣ шуруъ бахшиданд. Нафарони ифротишуда дар баробари толибон санги маломат ба демократия мезаданд ва чунин иддаое пеш меоварданд, ки демократия низоми куфр мебошад. Дар ҳоле, ки худи онҳо чунин дарке надоштанд, ки демократия ҳамчун низоми идории таҷрибашуда ягон мушкили хосае бо дин дошта наметавонад. Он танҳо як сохтори идорие мебошад, ки ба мардум имкони фаъолона иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятиро фароҳам мекунад. Дар доираи ин низом озодии виҷдон ва эътиқод низ кафолат дода мешавад.

Нафарони ифротишуда аз фаъолияти толибон илҳом бардошта ҳатто бар алайҳи арзишҳои миллӣ ва маънавии хеш низ баромад менамуданд. Хусусан дар баробари толибон Наврўзро ба интиқод мекашиданд ва ҷашн гирифтани онро ҳаром ҳукм мекарданд. Бехабар аз он гашта буданд, ки ба абзори муборизаҳои сиёсии дигарон табдил шудаанд. То як андоза дар сари онҳо чунин фикре низ мурур намуда буд, ки ҳувияти миллӣ  дар баробари эътиқод ва ҳувияти динӣ ҳеҷ арзиш ва муҳиммияте надорад. Онҳо бовар бар он доштанд, ки толибони ба қудрат расида ба ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон новобаста аз миллаташон дар заминаи принсипи исломии «муъмин бародари муъмин» бархўрд ва муносибат мекунанд. Аммо, чунин хаёлашон хом баромад, зеро толибон на ин ки ба ин принсип содиқият нишон надоданд, балки онро дар фаъолияти худ тамоман ба эътибор нагирифтанд. Дар натиҷа онҳо як низоми миллатгарои паштунӣ бунёд намуданд, ки саҳми дигар миллату халқиятҳоро дар ҷомеаи Афғонистон инкор менамояд. Шояд пас аз ин ҷавонони мо ба худ оянд ва ба он масъала таваҷҷуҳ намуда бошанд, ки ҳувияти миллӣ барои бақои як давлат муҳим аст. Онҳоро зарур аст, ки ҳувияти миллии хешро бо эътиқодашон дар зиддият қарор надиҳанд.

Аз ин рў, зарур мешуморем, ки онҳо андешаҳои космополитикии худро канор гузошта барои обод намудани давлат ва миллати хеш шуруъ намоянд. Дар шароити имрўза танҳо бо обод ва пешрафта намудани давлат ва миллати хеш мо метавонем як ҳаёти арзандае барои хеш фароҳам оварем. Танҳо бо илму дониш ва тақвияти ақлоният ин ба мо имконпазир мегардад. Дар сурати дигар бо андешаҳои ифротгароӣ ҷавонон танҳо метавонанд абзори давлатҳо ва хадамоти махсуси кишварҳои дигар гарданд ва бо дасти худ дурнамои кишвари худро хароб созанд. Ба андешаи мо ҳоло ҳам дер нашудааст, то ҷавононро дар рўияи миллатдўстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, то онҳо тавонанд хушбахтии худро бо ҳастии давлатдории миллии мо решапайванд донанд.

 

Солиев Ш.Х. – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like