ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДИ ҒАРАЗОНАИ ХУД НАМЕРАСАНД

Имрўз яке аз хадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад. Аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ин гуна ифротҳо ва суханони пур аз фиребу дурўғи он нафарони мазлум нагарданд. Онҳо бо ҳар роҳу усул бо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, мехоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш менамоянд ва дар рафъи ин гуна зуҳуроти нафратовари ҷомеа, ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, инчунин баҳри нигоҳдории ҷони ҳар шаҳрванди кишварро аз ин гуна нафарони номатлуб кўшишҳои зиёде намуда истодаанд.

Воқеаҳои солҳои 90-ум исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Ва расидан ба Ваҳдати миллӣ ин кори осон набуд. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногун чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд…

Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он  шуд, ки имруз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Аммо имрузҳо хоинони миллат бо ҳар роҳу усул мехоҳанд нигоҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои мо сиёҳ созанд. Рузҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳое аз тарафи гуруҳҳои номатлуби ҷомеа паҳн гардида истодааст. Бо баробари паҳншави хабари сафари Президенти мамлакат ба кишварҳои Аврупо “Паймони миллӣ” ва назҳатиён нақшаҳои гуногун кашида истодаанд. Ин амалу рафтори ғаразонаашонро кайҳо боз идома медиҳанд, ки ба ҳеҷ кас пушида нест. Ҳар як сафаре, ки ба ин ё он мамлакати дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифии он нақши бузург дорад. Ин аст, ки кишвари ҷавони моро дар зарфи бистуҳашт соли Истиқлолияти давлатӣ имрузҳо зиёда аз 150 кишварҳои дунё бо расмият мешиносанд ва дар ин замина ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Хоинони миллат бидонанд, ки имруз сарвари давлат дар куҷое, ки набошанд ва қарор надоранд доимо баҳри ояндаи нек ва рушди босуботи кишвар кушиш менамоянд.

Мо шаҳрвандони кишвар фахр аз он дорем, ки тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем ва намегузорем, ки ба ин кишвари биҳиштосо ва Сарвари хирадманду тавонои он бо чашми бад нигоҳ кунанд.

 

Самадов Б. О.- мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like