СИЁСАТИ ҶАВОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар ҳама давру замонҳо симои аслии халқу миллатҳоро шахсиятҳои барҷаста муайян месозад. Имрӯз дар тамоми дунё бозиҳои сиёсии абарқудратҳо сайёраро метавонад ба коми нобудӣ кашад. Новабаста аз он ки мо дар кадом давлат ва минтақа зиндагӣ дорем, бояд доимо ҳушёриро аз даст надиҳем, зеро оташи адовату кина метавонад “чун ҷангали сӯхта” ҳамаро фаро гирад. Ана ҳамин гуна қудратро бо дасти ҷавонон ғалаби минтақаҳои даргир метавонанд иҷро созанд.

Аз оғози ба сари давлат омадан Пешвои миллат ҳаминро эҳсос намуда, ҷавононро чун нерӯи пешбаранда ва созанда ҳисобида, дар суханрониҳои хеш иброз менамоянд, ки бояд ҷавонон илм омӯзанд, ҳушёру ободкор бошанд. Таъсиси Маркази миллии тестӣ низ ба хотири шаффофияти баргузории имтиҳонот ва бо шуғлу касбҳо фаро гирифтани насли ҷавони мамлакат аст. Аз ин хотир, таваҷҷуҳ ба ҷавонон аз он дарак медиҳад, ки аз шароити мусоид бояд ҳар як ҷавон истифода бурда, илм омӯзад, соҳиби касбу ҳунар гардида, баҳри ободии Ватанамон саҳмгузор бошад.

Тарбия аз муҳити зист вобаста аст. Имрӯз ба рӯи насли ҷавон ҳамаи дарҳои омӯзиш боз аст, зеро давлату ҳукумат ба самти маориф таваҷҷуҳи беандоза дорад. Тайи солҳои охир баргузории як қатор озмуну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ҷавононро вазифадор месозад, ки аз расму одат ва фарҳангу маданият, адабиёту таърихи куҳан бохабар бошанд. Озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз беҳтарин озмунҳое, ки шахсро водор месозад, ки на танҳо аз таърихи ниёгон, балки аз адабиёту фарҳанги ҷаҳон огаҳӣ дошта бошад. Ин албатта, ғамхории Пешвои миллат нисбати насли ҷавон аст, зеро баробари иштирок ва огоҳӣ аз таъриху адабиёт ва санъат, илмҳои дақиқу риёзӣ, боз бо маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳар бор барои дарс гуфтан ба синф ворид мешавам, ба донишҷӯён иброз менамоям, ки онҳо аз насли хушбахтанд, зеро дар ягон гӯшаи дунё ин хел озмун нест, ки барои хониш бо ин қадар маблағҳои бузург сазовор гарданд. Зеро танҳо мутолиа метавонад инсонро барои фатҳи қуллаҳои нави илм ҳидоят созад ва дар баробари он, аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин гаштан, ин ҳавасмандии хеле бузург барои ҷавонони имрӯза аст.

Дарахт бо об зинда, инсон бо илм гуфтаанд бузургон. Агар гузаштагонамон ин қадар намеомӯхтанд, имрӯз шояд мо дар обшинаи ибтидоӣ мезистем. Аз ин хотир, барои насли ҷавон гуфтаниям, ки аз шароити мусоид босамар истифода намоянду барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like