ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

«Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт». Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ. 27.06.2016, шаҳри Хоруғ.

Ҷанги шаҳрванди даҳшаттарин ҳодиса дар таърихи давлатдории соҳибистиқлоли кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро ин ҷанг қариб буд, ки кишвари моро аз харитаи ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро ба нести оварда расонад. Ин вазъиятро дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ чунин иброз намуда буданд.

«Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози истиқлолият дар натиҷаи фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.

Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.

Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд.

Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз нооромии ҷомеа истифода намуда, молу амвол ва таҷҳизоти бисёр корхонаҳои саноатии мамлакатро берун аз марзи кишварамон бурданд.

Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд.

Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик низ амалӣ гардидани ҳамин нақшаи даҳшатноку фоҷиаборро мехостанд.

Аммо фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.

Бояд қайд намуд, ки чунин ранг гирифтани вазъи сиёсии давлат алоқаманди дошт ба вазъи сиёсии Иттиҳоди Шўравӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум ва аввалҳои солҳои 90-уми ин давлати абарқудрат, ки кишвари мо низ дар ҳайати он қарор дошт.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи сиёсӣ дар кишвар ҳамоно ноором буд. Дар ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон дар муқоиса бо Ҳизби Коммунистӣ, ки мавқеи худро аз даст дода буд, мавқеи худро барои ба даст овардани ҳокимият то рафт мустаҳкам менамуданд.

Дар як давраи кутоҳ таҳти фишори тазоҳуротчиён ва намоишчиёни майдонҳо Президенти нахустини кишвар Қаҳҳор Маҳкамов (3 сентябри соли 1991), Раисони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров маҷбур шуданд, ки аз вазифаҳояшон даст кашанд.

Маҳалгароӣ то ба сатҳи баланди давлат баромада аҳамияти сиёсӣ гирифта буд.

Давлатро асосан дар ин давра ба минтақаи Помиру Ғарм, Кулобу Хуҷанд ҷудо карда буданд. Бинобар ин ҳангоми аз вазифаи давлатӣ барканор кардани хизматчиёни давлатӣ ва ё таъин намудан, онҳоро ҳизбҳои сиёсӣ ва маҳалгароён обу ранг дода, ба маҳалли зодгоҳи корманд вобаста мекарданд. Аз ин лиҳоз, дар баробари дигар омилҳои мавҷудбуда як сабаби пайдо шудани майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ»-ро метавон ба ҳамин масъала рафъ намуд.

Гуфтаҳои боло шаҳодат аз он медиҳанд, ки вазъияти сиёсии давлат дар кадом сатҳ қарор дошт.  Дар чунин вазъияте, ки бар хилофи қонунҳои конститутсионӣ аъзоёни Ҳукумат, Дастгоҳи Президент ва худи Президенти кишвар, ки кафили асосии амнияти миллату давлат дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳисоб меравад, гаравгон гирифта шуда, ба истеъфо фиристода  шуд.

Дар ин вазъияти барои давлати мо мураккаб роҳбаре даркор буд, ки давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ халос намуда, онро аз парокандагиву нестшавӣ наҷот бахшида ба мардум сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ орад. Чунин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди Иҷлосияи 16–уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Маҳз дар Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари ҳокимият шахси хирадманд, ҷасур ва дипломат Эмомалӣ Раҳмон омад. Бо роҳбарии хирадмандонаи ў миллати тоҷик боз як саҳифаи навро дар китоби таърихи худ оғоз намуд.

Дар ин давра бо ташаббуси Сарвари кишвар раванди гуфтушунид бо мухолифин оғоз гардид ва 27 июни соли 1997 бо бастани созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба анҷом расид. Беасос нест, ки Президенти кишварро бо унвони баланди «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» сазовор донистанд.

Дар ин маврид  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид».

Дар ҳақиқат дар рўзҳои мушкилтарин Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъин шуда, ҳамчун дипломат амал намуд. Зеро он кас  ягона роҳи пешгирӣ ва бартараф намудани ҷанги шаҳрвандиро маҳз дар гуфтушунид дида, шахсан дар шароити басо ногувор ва мураккаб ҷони худро дар кафи даст гирифта барои гуфтушунид  бо мухолифин сафарҳо анҷом медод.  Бо талошҳо ва ҷонфидоии Президенти кишвар, миллати тоҷик аз вартаи ҷанг ва нестшавӣ халос ёфта, паймони дўстиро бо гуруҳҳои мухолифи давлат баста ба мардуми ҷангзада сулҳу суботро овард.

Маҳз барқарор кардани ҳокимияти қонунӣ, қабули Сарқонун, бастани сулҳ бо мухолифин давлати моро дубора ба арсаи сиёсии ҷаҳон овард.

Ин амалҳо боварии ҷомеаи ҷаҳониро ба устувории давлати мо зиёд намуда, нуфузи кишварро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт

Дар ин муддати кутоҳи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллатро сарҷамъ намуда, бо сиёсати хирадмандонаи пешгирфтаи худ монеаҳои мавҷудбудаи давлатро дар якҷоягӣ паси сар карда, ба дастовардҳои назаррас ноил  гардонад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда низ бо сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик боз ҳам рушд намуда ба комёбиҳои аз ин ҳам баланд ноил мешавад.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

 

 Давлатов У. Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like