ТЭТ ҲНИ – ҲИЗБИ ИФРОТГАРОӢ ВА ИҒВОАНГЕЗ
Вақтҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад, ки роҳбарону иддае аз пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ аз сабаби дарки заъфи худ дар роҳи рақобатҳои сиёсӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “умеди охирин” ва “минбари беминнат” сӯиистифода мекунанд.
То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. Ҳоло Аврупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муносибат бо раванде чун ТЭТ ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Наҳзатиён, ки қаблан ба ҷамъоварии молу сарват машғул буданду феълан низ дар хориҷи кишвар ба василаи дурӯягиву ҳилагарӣ дар паи ҷамъоварии сарватанд, дар зоҳир худро комилан ба шевае дигар ҷилва медиҳанд ва мехоҳанд мардум онҳоро ҳамчун афроди росткору ҳақиқатҷӯ донанд ва ташкилоташонро ҳамчун ниҳоди арзишмеҳвар тасаввур кунанд. Ҳамчунин намоишкорона аз минбари ҳамоишҳову васоити ахбори омма ба ҳайси намояндаи мардуми кишвар изҳори назар карданро меписанданд, аммо дар паси парда кори дигар мекунанд.
Хоинони наҳзатӣ, ки солиёни дароз бо ҳилаву найранг бахше аз ҷомеаи кишварро гумроҳ карда, ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат карданд, акнун мехоҳанд бо ҳамон услуб ҷомеаи ҷаҳонро фиреб диҳанд ва гӯл зананд. Бо вуҷуди даст доштан дар ҷиноятҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандии кишвар, зомини марги беш аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ шудан ва даст задан ба амалҳои зиёди террористӣ, айни ҳол маккорона ва риёкорона бе ягон хиҷолат дар сатҳи бархе созмонҳои байналмилалии ба ном “фурсатталаб” ҳамчун ҷонибдору ҳомии ҳуқуқ ва ҷомеаи мардумсолор роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд мекунанд.
Хушбахтона, сол то сол чеҳраи аслии ин риёкорони хоин, ки дар ҷавҳарашон ғояҳои зиддиинсонӣ реша давонидааст ва ба зиндагии озодонаву дунявии инсон ҳеҷ арзише қоил нестанд, чӣ дар сатҳи дохил ва чӣ дар сатҳи берун аз он боз ҳам фоштар гардида истодааст. Масалан, тайи солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дигар кам нафарон ба дурӯғҳои бофтаи онҳо рӯй меоваранд ва баръакс, ҳатто бархе аз шахсони огоҳу миллигаро дар коментҳову шарҳҳои худ онҳоро накӯҳишу маҳкум менамоянд. Дар умум, сол то сол ин гумроҳон мавқеи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинобар интишори маълумотҳои беасосу бардурӯғи худ, ки бар зидди миллат равона шудаанд, аз даст дода истодаанд. Мисол, миқдори тамошои ин ё он сабтҳои видиоашон камтар аз ҳазортост, ки ин миқдор аслан аз ҳисоби тамошо намудани бархе аз ҳаммаслакони худи онҳо ба вуҷуд омадааст.
Мухамедова Ш.Ф.- мудири кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ