Расми хуби тоҷикон: нонро хӯрда, нондонро намешикананд…
Боиси тазаккур аст, ки воқеаҳои нохуши дар Бадахшони кӯҳӣ чанд рӯзҳои гузашта рухдода, ба дараҷае сулҳу оромии кишварамонро халалдор кард. Ба назари мо муроҷиати шоир ва нависандаи тоҷик Ато Мирхоҷа тавассути расонаҳои ахбори умум кифоя буд, ки баъзе шахсони бадахшонӣ ба бетартибиҳо хотима дода, аз паси зиндагиашон мешуданд. Афсӯс, ки чунин бесомониҳо давом карда, рӯзҳои дигар идома ёфтанду ҳамагонро ба фикру андеша ғӯтавар намуданд. Худ бояд қазоват кунед, ВМКБ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар зери назорати давлат (дотатсияи давлат) меистод, яъне иқтисодиёташ худро таъмин карда наметавонист. Ҳамин ҳолат ҳоло ҳам давом карда истодааст. Давлат зисту зиндагонии аҳолии Бадахшонро таҳти назорати доимӣ қарор дода, доимо назоратро пурзӯр менамояд ва аз пайи таъминоти аҳолии ин мавзеи кишвар аст. Бо дастгирӣ, супориш ва аҳамияти пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бадахшон баробари дигар минтақаҳои кишвар ва ҳатто зиёдтар аз онҳо тараққӣ карда истодаасту иқтисодиёташ пеш меравад ва ободониву созандагӣ бо маром давом дорад.
Акнун ба ҷои ба чунин ғамхориву дастгириҳои беназири давлат миннатдорӣ кардан, баъзе носипосони бо якҷоягии Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир ба бетартибиву нобасомонӣ рӯй оварданд, ки ақли солим ба он ҳеҷ бовар намекунад. Иқтисодиёти Вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ танҳо бо дастгириву кӯмаки мунтазами давлат пеш бурда шуда, зиндагии бошандагони он ба таври доимӣ таъмин карда мешавад. Бинобар аҳолии ин қисмати кишвар бар ивази чунин дастгириву ғамхориҳои давлат як умр сипосгузор бошанд ҳам, барои чунин некиҳои давлат кам аст. Лекин бар ивази чунин дастгириву ғамхориҳо бо ташкили бетартибиву бесомониҳо ҷавоб гардонидан ин носипосӣ аст ва ба шаъни бадахшониён намезебад. Давлат ва мақомоти дахлдори қудратӣ ба бетартибиҳо хотима дода, маҷрои зиндагиро дар ин қисмати кишвар ба низоми муқаррарӣ ворид намуданд. Аммо дар замони нисбатан мушкилоти зиндагии қисми зиёди рӯи замин, орому осудагии кишварамон каме халалдор шуд. Ҳар як фарди солими ватандӯст худро он рӯзҳо ноҳинҷор ҳис намуд. Агар бо забони иқтисодӣ ҳарф занем, чӣ қадар сарфу харҷи бемақсад барои бартараф кардани нобасомониҳо карда шуд, амалиёти кормандони мақомоти бонуфузи қудратӣ то хотима ёфтани бесарусомониҳо гузаронида шуд. Мо ба ақли солими ҷомеа боварии комил дорем. Аз ин нофаҳмиҳои шахсони солими ҷомеа хулосаи даркорӣ бароварда, рӯ ба суботи ҷомеаву ободии кишвар оварем.
Кенҷаев Юсуфҷон – дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ