Ваҳдати миллӣ – асоси рушди ҷомеа

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Яке аз чунин санаҳои муҳиму тақдирсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июни соли 1997 аст. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро эътироф кардааст.

Ваҳдатофарии миллати мо собиқаи куҳан дорад. Зеро андешаи ваҳдат ё худ ваҳдати вуҷуд бо маъниву мазмунҳои гуногун  дар таърихи фалсафа ва ирфони ниёгонамон мақоми бориз дошта, аз ҷониби мутафаккирон ва адибон ҳамчун омили осоиши ҷомеа арзёбӣ шудааст. Дар адабиёт ва фалсафаи муосир бошад, мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки моҳияти ватандорӣ робитаи зич дорад.

Зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос шуд. Солҳои 90-уми асри ХХ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи басо душвори  бунёд ва мустахкам намудани сулҳу субот маҳсуб меёфт. Зеро аз як тараф муқовимати тарафҳои  ба ҳам муқобил (ҳукумати конститутсионӣ ва мухолифин), аз тарафи дигар тарҳрезии консепсияи оштии миллӣ сурат мегирифт.  Дар ин раванд пеш аз ҳама   сайъу талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва хоҳишу иродаи халқ мусоидат намуд, то ки ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила ба якдигарфаҳмиву сулҳу салоҳ қадам монанд. Ин марҳила як нав санҷиши ҷиддӣ буд барои кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон.

Имрўзҳо, баъди гузашти айём, дастовардҳоро дар роҳи Ваҳдати миллӣ таҳлил намуда хулоса кардан мумкин аст,ки миллати тоҷик дар самти сулҳофарӣ  ба ҳадафи олии худ расидааст.

Барои ҳар як давлату халқ  сулҳ ва оромӣ муҳимтарин дастовард мебошад, бидуни ваҳдати миллӣ ба рушди иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанги расидан амри маҳол аст. Халқи тоҷик хушбахтона, роҳи дурусти тараққиёти худро дарёфт, ба фикри мо амали намудани равиш ва  усулҳои ҷараёни сулҳофарӣ дар ҷумҳури, хомўш намудани ҷанги шаҳрвандӣ  ва расидан ба истиқрори сулҳ ва вахдати миллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама СММ, ОБСЕ ва ғ. эътирофи худро ёфтааст.    Ҳалли низоъи тоҷиконро имрўз ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Мутаасифона дар ибтидои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз гирдиҳамоиҳои  ба ном «демократӣ» ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ расид. Мутаасифона дар он солҳо ВАО-и хориҷӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати «террористӣ», «экстремистӣ», «маркази интиқоли маводи мухаддир» ва ғ. маънидод мекарданд.

Хушбахтона дар Иҷлосияи  XVI Шурои олии Тоҷикистон  (соли 1992)  ақли солим ғалаба кард ва вакилони мардуми ба бахти тоҷикистониён сарвари сулҳофар- Эмомали Раҳмонро ба сари кудрат оварданд. Ҷумҳурӣ марҳилаи хеле ҳассосро аз сар мегузаронид, бесарусомониву беҳокимияти ҳукмрон буд, ки дар илм онро охлократия меномиданд. Ҳокимияти давлати фалаҷ гашта буд. Дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Ҷумҳурӣ дастаҳои алоҳидаи мусаллах амалиётҳои ҷангиро идома медоданд.   Дар чунин шароит Эмомалӣ Раҳмон ба фаолияти роҳбарӣ шурўъ намуда, масълаи истиқрори сулҳ ва эҳёи Точикистонро ба мадди аввал гузошт.

Барои расидан ба сулҳи комил ва таъмини Ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро зарур омад, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои зайл таваҷҷўҳ намояд:

-андеша- ғояи умумммиллиро, ки тамоми қишрҳои ахолиро ба як мақсад –бунёди давлати демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва ягона  равона мекард тархрезӣ намояд;

– дарки он, ки  идома ёфтани ҷанги ибародаркуш дар ниҳояти кор на танҳо ба несту нобуд шудани аҳолӣ, балки ба аз байн бурдани миллати тоҷик оварда мерасонад;

– ҷалб намудани миёнаравҳо дар симои давлатҳо ва пешвоёни алоҳида баҳри  ҳалли қазияи тоҷикон – пиёда намудани раванди сулҳ байни тарафҳои даргир;

– ҷалби қувваҳои сулҳофари СММ ва  давлатҳои ИДМ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ дар бартараф намудани низоъи тоҷикон;

– бо мақсади эҳё ва рушди иқтисодиёт ҷалби инвестерҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ;

-таъмини иштироки давлатҳои ба мо дўст, пеш аз ҳама Россия ва давлатҳои ҳамчаворӣ Осиёи марказӣ баҳри ба эътидол овардани вазъият ва таъмини устувори рушди мамлакат;

– ташаккулёбии  мактаби сиёсии болиғу устувор ва мақсадноки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки  тамоми кишварро аз паси худ бурда, халқҳои Тоҷикистонро муттаҳид намуд, судҳу суботро таъмин кард, барои демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъияти кадамҳои устувор гузошт.

Баъди бомуваффақият ҳаллу фасл гаштани низоъи дохилӣ Тоҷикистон на танҳо давлати сиҳибистиқлол гашт, балки аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.  Баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва Вахдати миллӣ Точикистон узви бузургтарин созмонҳои молиявиву –иқтисодии ҷаҳонӣ гашта, бо давлатҳои дуру наздик муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ- иқтисодӣ барқарор намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бузургеро дар таъмини ҳуқуқии иқтисоди бозоргонӣ, баланд бардоштани некўаҳволии мардум анҷом дод, қабули қонуну кодексҳо доир ба ҳуқуки шаҳрвандӣ, истифодаи замин, муносибатҳои оилавӣ, танзими меҳнат, кодекси ҷиноятӣ, гумрук ва ғайра аз он далолат медиҳанд, ки ҷумҳуриамон ба фазои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ устуворона ворид гаштааст.

Имрўз  Ҷумҳурии Точикистон ба давлате табдил ёфт, ки дар сатҳи чахонӣ эътироф гаштааст. Дар муддати кўтоҳтарини таърихӣ дар Тоҷикистон сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид ва чумҳурӣ устуворона баҳри рушди минбаъда кадам мегузорад.   Муҳимтарин чорабиниҳои сиёсии охири асри XX – ибтидои асри XXI аз кабили қабули Конститутсияи нав, гузаронидани райъпурсиҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, интихоби озоди Президенти кишвар, ба вучуд омадани парлумони ду палатагии дар асоси бисёрҳизбӣ интихоб шуда, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани форумҳо (анҷуманҳо)-и бонуфуз- саммити  давлатҳои ҳамкории иқтисодии Осиёи марказӣ, Форуми Шанхай, ташаббусҳои Точикистон дар масъалаҳои ҳалли қазияи об ва ғ. тасдиқ мекунанд,ки  Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ пеш рафта истодааст.

Бояд гуфт, ки баробари дар Тоҷикистон баррасӣ шудани масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мо онҳоро бо дастовардҳои дар роҳи ободониву бунёдкорӣ, тинҷиву осоиштагӣ ноил гаштаамон шинос намудем. Маҳз ваҳдати мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд, ки дар манотиқи гуногун иншооте чун НБО – и «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок, Қасри Миллат, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ва даҳҳову садҳо, биноҳои зебои маъмуриву истеҳсолӣ, ки обрӯву нуфузи миллату кишваранд, мавриди истифода қарор гиранд.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт, ободониву бунёдкорӣ назаргир ва боиси таваҷҷуҳи  мамолики хориҷӣ гардид. Доири рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосил, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадами устувор ба пеш гузошта шудаанд. Ҷумҳурӣ зина ба зина ба марраи  итстиқлолияти энергетикӣ наздик мешавад ва он рӯз дур нест, ки ба кишвари истеҳсолкунандаи неруи барқи арзон табдил меёбад.

Маърўзаро ҷамъбаст намуда савол мегузорем, ки Оё имрўз дар Точикистон низоъ бартараф шудааст?

Якум, дар мамлакат 25 сол аст, ки сулҳу субот ҳукмрон аст; дуюм, имрўз дар ҷумҳурӣ мухолифини мусаллах вучуд надорад, арзишҳои анъанавии исломӣ, ниходҳо ва ҷашнҳои милливу динӣ аз лиҳозӣ ҳукуқи дар ҷомеа мавкеи худро ёфтаанд, дар ҷомае сарҳад  байни сиёсат ва дин,  ҳаёти маънавӣ ва дунявӣ   дакиқ муайян гаштааст, ки ин омил барои ҳамгироии дину рушди  демократия мусоидат мекунанд; сеюм, дар Точикистон таҳаввулоти ҷиддии демократи роҳандозӣ мегардад, ки нишонаҳои асосии он интихоботи озод дар асоси бисёрҳизбӣ ба шумор меравад. Интихоботи озод имконият медиҳад, ки куввахои сиёсӣ дар сохторҳои ҳукумати мавқеъ дошта бошанд. Чорум, таҷрибаи музокироти байни тоҷикон нишон дод, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо роҳи осоишта низ расидан мумкин аст. Боиси ифтихормандист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ба ватан баргардондани гурезаҳо, ба меҳнати осоишта фаро гирифтани шаҳрвандон, иштирокчиёни набардҳои дохилӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва он ҳалли муноқишот дар минтақаҳои дигари даргири ҷаҳон истифода мешавад. Панчум, соҳибихтиёрии ҳар як кишвар аз се омили асосӣ – истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа бастагӣ дошта, ин арзишҳои бузургу муқаддас зербино ва асоси тараққиёти мамлакат мебошанд. Бо шарофати саъю кӯшиши пайвастаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпаравар муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардид.

Абдуллоев О.А. дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like