ФИРЕФТАИ БЕГОНАГОН НАБОЯД ШУД

Ҷангу низоъҳо бадтарин чизест, ки инсоният дар тўли мавҷудияти худ бинобар сабабҳои гуногун истифода кардааст.  Гарчанде, ки сабабҳо, ҷойи баргузорӣ, иштрокчиёни ҷангу низоъҳо гуногун бошад ҳам, оқибатҳои он вобаста ба давомнокӣ, дарозмуддат, кутоҳмуддат вобаста ба сатҳаш байналхалқӣ, минтақавӣ, миёни ду давлат ва дохилидавлатӣ қариб, ки якхела аст.

Коршиносони соҳаи низоъшиносӣ яке аз хатарноктарин ва таҳдидовартарини онро барои давлат ҷангу низоъи дохилидавлатӣ меҳисобанд. Зеро ҷанг миёни ду давлат метавонад, ки миллатро муттаҳид созад токи аз болои душмани худ ѓалаба ба даст оранд. Вале ҷанги дохилидавлатӣ ё ҷанги шаҳрвандӣ бошад, миллатро аз рўи мансубияташ ва маҳали ҷойгиршавӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ҷудо намуда, метавонад онро пароканда ё ба нести оварда расонад. Дар баробари ин оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ тўлонитар аз дигар намудҳои ҷанг ба ҳисоб меравад. Зеро аҳолии як давлатро, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд хеле душвор аст, ки онҳоро дубора ба ваҳдат оваранд. Барои ба ваҳдат расидани чунин давлатҳоро лозим аст, ки мардум ин вазъиятро зуддтар дарк намуда, худи онҳо аз давом додани ҷанги шаҳрвандӣ даст кашида ҳамдигарро бубахшанд. Минбаъд барои такрор нашудани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. Насли ояндаро ҳушдор зозанд, токи ин ҳодиса дубора дар давлат сар назанад.

Кишвари мо низ аз сари худ як маротиба ин ҷанги мудҳиштаринро гузаронида бо хиради азалии худ тавонистанд, ки сади роҳи онро ҳар чи зудтар гиранд ва давлату миллатро аз парокандашавӣ ва нестӣ эмин доранд. Вале мутасифона имрўз низ ёфт мешаванд шахсоне, ки аз ин ҳодисаҳои рўйдода ибрат нагирифтаанд. Гарчанде, ки худи онҳо ва наздиконашон  рўзҳои мудҳишро аз сар гузарониданд. Онҳо ҷои он ки мардумро ба ваҳдату якдилӣ, муттаҳидию бародарӣ, ҳифзи якпорчагии меҳан даъват намуданашон аз хориҷи дур нишаста давлату ҳукуматро сиёҳ намуда, мардумро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ дароварданиянд.

Аз ҷумлаи онҳо ин М. Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў ба ҳисоб мераванд, ки дидаю дониста корҳоеро бо дастгирии хоҷагони берунаи худ анҷом додаистодаанд, ки ба нафъи мардум нест. Онҳо манфиатҳои худашонро аз манфиатҳои давлату миллат болотар мегузоранд. Барои онҳо ҳамаи ҳодисаҳои дар солҳои 90-ум рухдодаи кишвар дарси ибрат нашудаанд ва намешаванд, зеро худи онҳо ва наздиконашон дар ин ҷангу низоъҳо иштрок кардани нестанд. Онҳо наздикони худро алакай ба хориҷи кишвар бурда, ба ҷою макон таъмин намудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои ѓаразноки худ фарзандони дигаронро истифода баранд. Барои онҳо муҳим нест, ки чиқадар ҷавонон, модарону падарон, хоҳарону бародарони мо ҷони худро аз даст доданашон мумкин аст. Зеро онҳо як маротиба ин амали разилонаи худро алакай ба кор бурданд, ки дар натиҷа чиқадар одамон ҷони худро ё наздиконашонро аз даст додаанд. Вале онҳо ба мақсад нарасиданд ва имрўзҳо аз хориҷи кишвар истода барои амали намудани нақшаҳои худ қурбониёни навро ҷустуҷў доранд.

Ҳодисаҳои рухдода дар ВМКБ нишони гуфтаҳои болост. Акнун М. Кабирӣ барои амали намудани нақшаҳои нави худ аз ҷавонон ва дигар афроди манфиатҷў дар ВМКБ истифода бурда, онҳоро бо ҳар роҳу восита гумроҳ намуда, ба доми худ афтонд. Онҳоро дар амалӣ намудани нақшаҳои худ истифода намуд.

Дар натиҷа чиқадар одамон ҷони худ ва надиконашонро аз даст доданд, ки барои онҳо, яъне М.Кабирӣ ва пайравонаш муҳим нест. Асос он ки дар ин бозиҳои худ онҳо фарзандони худро не балки фарзандони дигаронро истифода кардаанд. Фарзандони худро ба давлатҳои тинҷу амн бурда ҷо ба ҷо кардаанд. Инчунин худашон низ дар чунин кишварҳо панаҳ бурда, мехоҳанд, ки фарзандону наздикони мою шуморо миёни худ ҷанг андозанд ва бо ҳамин васила давлату хукуматро гиранд.

Имрўз бояд ҳар як шаҳрванди кишвар ва хусусан ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки бозичаи дасти дигарон бошанд, нагузоранд, ки дигарон бо ҳаёти онҳо ва наздиконашон бози карда, дар нақшаҳою амалҳои нохалафи худ онҳоро истифода ва қурбон кунанд.

 

Давлатов У.Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ                                                            

You might also like