Зиндагии бешарафона ва андешаҳои пуч
Амалиётҳои қаллобу фиребгар Кабирӣ ва дӯсти наздики ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин бо роҳи андешаҳои фитнаҷӯи ва тамаъ берун аз хоки Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси хашму ғазаби мардуми Тоҷикистони озоду обод гардид. Ҳарчанд кушишу заҳмат ва талошҳои Кабири ва ҳаммаслакони вай дар роҳи ба мафкураи мардуми тоҷик дохил кардани фикрҳои бемазмуну бемаънӣ рафта истода бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки халқи бунёдкору созандаи тоҷик дар роҳи созандагӣ ва сохмони давлати соҳибистиқлоли худ ба фикрҳои пусидаи ин хоинон эътимод мекарда бошад.
Аммо мардум ҳеҷ гоҳ ба ин иғво роҳ намедиҳад ва роҳ нахоҳад дод. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо эътимоди комил ба сӯи ояндаи фардои дурахшон устуворона қадамҳо ниҳода, бо ибораҳои пучу бемаънии “президен”- Кабири ва “сарвазир” Муҳаммадиқбол мутлақо эътимод надоранд ва ин мафҳумҳо дар майнаи мардум намегунҷанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин ба воситаи сомонаҳои интернетӣ равандҳои сиёсии дохилии Тоҷикистонро кӯр кӯрона таҳлил намуда, ба хулосаҳои бардуруғ онҳоро ҷамъбаст мекунад. Ки будан ва чикора будани ин афрод албатта ба ҳама кайҳо аз филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” маълум аст. Аз ин рӯ симои ҳақиқӣ ва “одамгарии” сарварони ҳизби хиёнаткор дар асл сабабгори ҳама гуна ваҳшонияту дасисабозиҳо ва аз ҷама асосаш сабаби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гардид.
Аз рӯи нақлҳои баёнгашта аз тарафи шоҳидони воқеаҳо дар филми “Хиёнат” маълум шуд, ки дар ҳақиқат ин ашхос қодир будаанд, ки бачи гуна амалиётҳои манфур даст зананд ва ҳатто, вақте ки сухан дар бораи кирдори нафратомези яке аз таблиғгарони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин сухан меравад, бешубҳа симои қаҳрамони асосии манфӣ дарк карда мешавад. Симое ки худро қаҳрамони ба ном сулҳу ваҳдат меҳисобад, ҳол он ки худи онҳо сабабгори ҷангу низоъ ва саркардаи он буданд.
Бояд зикр кард, ки ин гуна тоифаҳои бешараф берун аз марзи Тоҷикистон хоҷагону спонсорҳои худро ҷустуҷу намуда, бо лайкҳои пучмағзон онҳоро хурсанд намуда, аз ин ҳисоб мабалағ руёнанд ва ҳамҷун зиндагии бешарафона умр ба сар баранд. Албатта ин ашхос бо дигар роҳ зиндагӣ карда наметавонанд. Андешабаёнкуниҳои чандинкаратаи Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи шабакаҳои интернетӣ ба даври ниҳоии худ омада расид ва мардум дуруғ будани онҳоро дарк намудаан, ки ҳаргиз бовар намекунанд. Тааҷҷубовар он аст, ки онҳо худ аз аҳли дину диёнат буда, мавзуи матраҳашон адолат ва инсоф аст. Аммо дар ҳоле ки худ аз адлу инсоф нишонае надоранд. Шамсиддин Муҳаммад Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар хусуси чунин афрод хеле суханҳои ҷаззоб фармудааст, агар ба дарки ин суханон сарфаҳм раванд:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс,
Тавбафармоён чарохуд тавба камтар мекунанд.
Дар умум, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба воситаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ – ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар амал менамоянд.
Мо бояд аз хотир набарорем, ки марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки халқи тоҷик миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Ватани маҳбуби мо бо боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакроранд.
Алббатта соли равон, ки яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ҳар яки мо сокинони ҷумҳурӣ новобаста аз касбу корамон бояд кӯшиш намоем то бо дастовардҳои назаррас ҷашни мазкурро истиқбол гирем. Зеро 30 сол аслан дар назди таърихи инсоният ин баробари як миҷа задан аст, расидан ба чунин дастоварҳо давоми давраи мазкур ин боиси сарбаландӣ ва ифтихори мо тоҷистониён аст.
Мо ҳаргиз намегузорем, ки кадоме як хоини миллат бо ном Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин чунин Ватани ободи моро бо суханҳои иғвоангезонаи бардурӯғ дубора ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.
Муродбекова М.Ҳ. – мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ