ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕА

Ифротгароӣ (экстремизм) аз калимаи лотинии «extremus» буда, маънои аслиаш канораҷўӣ, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад  Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад. Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идиология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ба ҷиноят табдил меёбад, ки дар он усули ноилшавӣ ба мақсад, роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи зурӣ ё усули террор интихоб карда шавад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба вуҷуд меояд, сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар дин ба вуҷуд меояд, ифротгароии динӣ номида мешавад.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм гарчанде таърихи тӯлонӣ дошта бошад ҳам, аммо дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ибтидо мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Ифротгароӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Махсусан, ифротгароии сиёсӣ, динӣ ва миллӣ намоёнтаранд. Ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.

Яке аз тадбирҳои оқилона дар самти пешгирии паҳншавии ғоя ва ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дар Тоҷикистон иқдоми саривақтии Пешвои муаззами миллат оиди баргардонидану афв намудани беш аз 500 нафар шаҳрвандоне маҳсуб мешуд. Дар ин раванд инчунин, 84 кўдаку навраси тоҷикистоние, ки дар минтақаҳои ҷангзада бепарастор монда буданд, ба Ватан оваронида шуданд, ки бузургтарин амали хайру савоб маҳсуб мешавад. Ҳукумати мамлакат бо гузашти одилона  имкониятеро барои нафарони роҳгумзада, фурўхташуда фароҳам овард, ки аз карда сидқан пушаймон шуда, аз узвияти чунин созмонҳои террористӣ ва тундгаро даст кашида, минбаъд дунболи ҳадафҳои ифротӣ нараванд.

Дар баробари корҳои назарраси дар самти мубориза бо терроризму экстремизм дар Тоҷикистон амалӣ шуда истода, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Дар зарфи солҳои охир беш аз 4800 ҷинояти хусусияти экстремистиву террористидошта ошкор гардида, дар натиҷа зиёда аз 1500 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ қашида шудаанд. Аз 63 амали террористӣ ва таҳрибкории дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб гирифташуда 40 ҳолати он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст. Танҳо дар давоми се соли охир 82 ҳолати маблағгузории терроризм ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Мардуми аксари мамолики олам бар асари маҳрумияту вобастагиҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва амсоли ин ба гирдоби тахаюлоти ифротӣ меафтанд ва бо назардошти шароити сиёсӣ домани муборизоти динӣ – мазҳабӣ дар минтақаҳои алоҳидаи олам густурдатар мегардад. Ҷунбишҳои бунёдгароёна ва ифротӣ дар натиҷаи буҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадаанд.

Пайдоиши ифротгароӣ натиҷаи баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохили кишвар аст, ки намунаи барҷастаи он давлати Афғонистон мебошад. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳо, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, ҳизбҳои гуногун мехоҳанд, нооромӣ ва норизоиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оваранд. Фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистии дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст, метавонанд, на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намуда, боиси халалдор гардидани раванди тадбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ гарданд. Бинобар ин, ҳар як аъзои ҷомеаро зарур аст, хатари онҳоро дуруст дарк намуда, муқобили чунин падидаҳои номатлуб дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ муборизаи шикастнопазир пеша баранд. Танҳо дар ин ҳолат дар якҷоягӣ оромии Ватани худро ҳифз намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

 Шӯҳрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like