Кабирӣ: кинаю адоват ва рашки занона…
Дар бисёр рӯзҳои вазнин, ки он вақт ҳама дар фикри як бурда нон ва зиндаю саломат монданро дошт, бубинед, ки бо ҷасурию мардонагии беҳамто ба ҳайси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷавононро сарҷамъ карда, “Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон”-ро баргузор намояд.
Дар баромади Пешвои миллат таъкид шуд, ки дар он шабу рӯзи хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷаъму муттаҳид кардани ҷавонон, ин кори басо вазнин буд, аммо онро мо ташкил карда тавонистем. Барҳақ ба гуфтаҳои Пешвои миллат…
Бо вуҷуди чунин дастовардҳо имрӯз дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки мардумро фиреб ва раҳгум намуда, зидди давлат равона менамоянд. Яке аз чунин нафарон роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ мебошад.
Кабирӣ, ки аз берун истода, мисли каждум заҳри худро мехоҳад, ба ҷавонон ва ҷомеа расонад, ба кинаю адоват печида раҳгум задааст, бисёр сафсатаҳои беасосро ба забон меоварад.
Дар ҳар кадом вохӯриҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шуда мегузарад, аз ҳолу аҳвол, зиндагӣ, камбудӣ, хониш ва фаъолияти ҷавонон, Пешвои миллат ҳама вақт пурсон мешавад ва ба онҳо кӯмаки худро дареғ намедорад.
Кабирӣ магар намебинад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”,“Илм- фуруғи маърифат”, ки бевоста бо ташаббуси Пешвои миллат шуда гузашта истодааст, ин магар ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон нест.
Кабирӣ ба фикрам аз кинаю адоват, чашмони ту нобино шудааст, “рақами 40000 –ро хатмкунанда гуфтаӣ” – на, вай рақам хатмкунанда нест, якбори дигар айнакҳои дуздидаатро дуруст монда бубин, ки он рақам- донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, онро ишора мекунад. Вақте, ки Кабирӣ дар ягон муассисаи таълимӣ кору фаъолият накардааст, аз куҷо сифати таълиму тарбияро медонад.
Меҳру муҳаббати ҷавонон ба Пешвои миллат ба дараҷаи аъло зиёд гаштааст. Хоҳ кӯдак, ҷавон ва пиру барно ҳамаи хизматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дида истода аҳсан мехонанд. Корҳое, ки дар давоми 70- соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иҷро карда нашуда буд, Эмомалӣ Раҳмон тавонист, онро иҷро кунад.
Як мисоли оддиро мегуям, ки ин кушодани нақбҳо ва ГЭС-и Роғун мебошад, ки Кабирӣ инро дидан ва шунидан намехоҳад, аз кинаву адовати кӯр-кӯронаи худ.
Кабирӣ кӯшишҳои зиёде кард, ки то ҷавононро раҳгум сохта ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ба ҳизби террористии наҳзати ислом ҷалб намояд. Лекин ҷавонон, ки хеле зираку доно шудаанд, ба ин амалҳои рӯбоҳонаи Кабирӣ бовар накарданд ва тири Кабирӣ хок хӯрд. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ қайд мекунанд, ки агар падар, модар босавод бошад, фарзанди онҳо босавод мешавад. Агар миллат босавод бошад, давлат пеш меравад.
Кабирӣ, аз дастовардҳои ҷавонон бисёр ба хашму ғазаб омада, ба кинаю адоват ғӯта задааст, аз куҷо фитнаю найрангро сар карда, ба куҷо ба итмом расонданашро намедонад. Вақте расидааст, ки Кабирӣ аз кинаю адоват, хусумат ва рашки занона худро ба дунёи фонӣ бирасонад…
Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ