Шукр, ки ҷанги шаҳрвандӣ фаромӯш шудааст, аммо набояд сабақҳои он фаромӯш шавад

Санаи 28 июни соли равон мо боз шоҳиди он гардидем, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзӯи “Шикасти созишномаи сулҳи Тоҷикистон, сабабҳо, натиҷа ва дасрҳо” баромад намуданд, ки мисли пештара пур аз туҳматҳо нисбати Тоҷикистон буд.

Сараввал, ин хоинон аз ҷумла Кабирӣ ва Алим Шерзамонов бо забони русӣ он чунон бо хатогиҳои зиёд сухан мекарданд ва баъдан бо як намуди зоҳирии ба истилоҳ монанда ба “бомжҳо”, ки албатта ин ба паст гардидани обрӯи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.

Конференсияи мазкур, ки қариб ду соат тӯл кашид, ягон масъаларо аниқу дақиқ муҳокима накарда, танҳо боз ҳамон норозигиҳо аз даҳон, бинӣ, гӯш ва дигар ҳама ҷои ин хоинон мерехту тамом.

Кабирӣ дар суханронии худ иброз дошт, ки гӯё ба имзорасии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ натиҷаи корӣ онҳо бошад. Вале, ба ҳар хурду бузурги Тоҷикистон маълум аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ сад дар сад маҳсули хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки то санаи ба имзорасии созишномаи мазкур Пешвои миллат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот кардаанд ва дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дўстӣ ва ваҳдат сўҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кўшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.

Кабирӣ, дар дақиқаи 13-уми конфронси болозикр иброз дошт, ки “Аз ҷониби Ҳукумат созишномаи ваҳдат вайрон карда шуда, аз Вазорати мудофиа барои намояндагони мо роҳ дода нашуд”. Акнун, кӣ будани Назарзода Ҳоҷиҳалимро ба ёд овардан, барои исботи дурӯғ будани ин сухани кабирӣ кифоя аст.

Суханронии Алим Шерзамонов ва дуи дигар “коршиносон”, ки тамоман дар Тоҷикистон набуданд ва Тоҷикистонро танҳо аз забони ҳамон аъзоёни ТЕТ ҲНИ шунидаанд, ягон маъние надошта, танҳо вақтгузаронии беҳуда буду халос.

Умуман, конференсияи мазкур гӯё танҳо барои иҷрои ягон супориши махсус омода гардида, танҳо барои ҳисобот додани онҳо дар назди касе бошад.

Конференсияи мазкур чун пештара пур аз иғво ва норозигӣ аз сиёсати имрӯзаи давлатӣ буда, боз ҳамон аз даъватҳои бемаънии ин хоинони миллат иборат буду халос.

Имрӯз, ки мо ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил намудем, моро мебояд, ки ин неъмати Худододро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Зеро, гарчанде аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрванд вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, вале ҳодисоти зиёд аз он аз мадди назар ва хотироти мардум дур шудааст. Ҷанг аз тафаккури омма, аз маърази воситаҳои ахбори омма, аз майдонҳо шукр, ки рафтааст. Ин хуб аст. Аммо ба ин фаромўшӣ набояд сабақҳои он партофта шавад.

Бо ин ҳама фаромўшиҳо, мутаассифона, қабристони муҳоҷирони тоҷик дар он тарафи дарёи Панҷ дар хоки Афғонистон, ҳанўз то дергоҳ барои онҳое, ки наздиконашонро он ҷо ба хок супоридаанд, худро ба фаромўшӣ намедиҳад. Ин албатта дарднок аст. Ин дардро бояд дар масири таърих дигар модару фарзандони миллати тоҷик набинанд.

Маҳз Тоҷикистон ватани мо буда, дар фикри ободии мост, на каси дигар ва давлати дигар. Барои ин мо бояд аз муборизаҳои шабонарўзии Пешвои миллат дар кори ба даст овардани сулҳу ваҳдат огоҳ бошем ва ин ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Ахмедов Шаҳбоз – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like