ТЭТ ШИНОХТАНИ ҲНИ- ҲАЛНОМАИ САРНАВИШТСОЗ БАРОИ ҲАЁТИ СИЁСИИ ҶУМҲУРӢ

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби ислом- ниқоби ҳизббозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандози гар-дидани «перестройка»-и горбачёвӣ оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаро горифт. Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз кард, ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо буд, ки вилояти овозадори Қӯрғонтеппа ба майдони набардҳои бародакушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба Афғонистон ва ҷумҳурии собиқ Шуравӣ фирорӣ гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли 2015 дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод, ки бо қарори Судӣ Олй фаъолияти ҲНИТ манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ –экстромистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас аз эъломи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашмаи ҷаҳониён нақзи Конститутсияи ҷумҳурӣ арзёбӣ намоянд.

Гузашта аз ин, мақсади ташкил намудаги гурӯҳҳои махсуси низомӣ бо мақсади забти Қасри миллат, Вазорати корҳои дохилӣ Кумитаи амнияти миллӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳими кишвар шаҳодати он аст, ки раёсати ин ҳизби ифротӣ ҳеҷ гоҳ аз маҳсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёси ва ташкили ба истилоҳ давлати исломӣ даст накашида будааст.Онҳо зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезаданд. ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу суббот дар кишвар ва ҳифзи манофеи геополитикии бегонагон равона гардида будааст.

Махсусан аъмоли ҷиноятии ин ҳизби ифротӣ рӯзҳои 3-4 сентябри соли 2015 ҳангоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории А.М. Назарзода боз ҳам бештар маълум гардид,ки онҳо беш аз 150 нафарро мусаллаҳ карда, ба пойгоҳи низомй дар шаҳри душанбе ба бахши милитсияи ноҳияи Кофарниҳон ҳамлавар гардиданд. Аммо ба ивази қурбони мақоти қудратии мо тавонистанд ин хоинони Ватан ва душманони миллатро маҳв намуда, пеши роҳи бесуботию нооромиҳоро дар кишвари азизамон боздоранд.

Дар охир ба ин нуқта ишора фармуд, кик и бо қарори Суди Олӣ пеши роҳи фаъолияти ин ҳизби ифротӣ, ки пиёдасози манофеи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, манъ карда шуд ва роҳбарияти сиёсии он тибҳи аъмоли ҷиноияшон ба мӯҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон гардиданд.

Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи ФРТМ

You might also like