Ваҳдати миллӣ – омили муҳими рушди давлат ва ҷомеа
18 июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назаривӣ таҳти уновни “Ваҳдати миллӣ – омили муҳими рушди давлат ва ҷомеа” доир шуд. Роҳбари донишгоҳ конфронсро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ваҳдат дар кишвари маҳбуби мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди милати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоно бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошта, барои рушди муназзам ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард. Имрӯз аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон омӯзишу дарк намудани аҳамияти фалсафию иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии падидаи ваҳдати миллӣ аҳамияти муҳиму авалиндараҷа дошта, бояд ба ваҳдату озодӣ чун шаҳсутуни ҳастии миллат эҳтиром гузорем, илова намуд ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, аъзои фаъоли Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ва роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимзода перомони арзишу мақоми Ваҳдати миллӣ ибрози андеша карданд.
Дар идомаи кори конференсия як зумра олимону аҳли зиё- профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-заминаи асосии рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат”, аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов дар мавзӯи “Пешвои миллат-меъмори ваҳдат”, декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ Ҷамшед Тӯразода бо номи “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ-асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҷомеа” ва ассистенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ Дилшодҷон Олимов дар мавзӯи “Мулоқоти сарнавиштсоз дар раванди сулҳи тоҷикон” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Зикр шуд, ки ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон новобаста ба давраҳои таърихӣ ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми мубориз, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти мо ба шумор мерафт.Ин падидаҳои бемислу хуҷастаи замони Истиқлолият, ки ба ҳам тавъам мебошанд ва якдигарро пурра мекунанд, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро тақвият мебахшанд.
Конференсияи илмию назаривӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – омили муҳими рушди давлат ва ҷомеа” бо қадршиносии устодону донишҷӯён ва меҳмонони ҳамоиш ба анҷом расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа