ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – ОМИЛИ МУҲИМИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Ҷавонон нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа дар тамоми кишварҳои дунё ба шумор мераванд ва бидуни ин қишр ояндаи давлату миллатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар халқу миллат заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад, то насли навраси худро ба ҳаёт ва меҳнат сазовор омода намояд. Ҳоло ҷомеаи навини мо дар марҳилае қарор дорад, ки бунёдкорӣ дар меҳвари он қарор ёфта, нерӯву қудрати ҷавонон аз рукнҳои муҳимтарини амалияи ин ҳадафҳо ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки раванди ҷаҳони имрӯза мураккаб гардида, баҳри татбиқи ҳадафҳои гуногун нерӯи ҷавонон мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза тарбияи дурусти ҷавонон яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Айни замон масъалаи таълим ва тарбияи ҷавонон яке аз муҳимтарин масъалаҳои давлат ба ҳисоб меравад. Зеро таълиму тарбияи дурусти ҷавонон барои инкишоф ва устувории давлату ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои муҳим хизмат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар суханрониҳошон таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд давомдиҳандаи насли калонсол бошанд, пайваста илм омӯзанд ва барои бунёди давлати миллӣ саҳмгузор бошанд. Инчунин, Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш доир ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон чунин қайд намуданд: «Ман борҳо таъкид кардаам ва бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».

Ба андешаи мо, барои дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Роҳбари давлат дар таълиму тарбияи ҷавонон бояд аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуд.

Бояд гуфт, ки барои таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми субъектони тарбия, бахусус волидайн нақши ҳалкунанда дорад. Зеро тарбияе, ки аз оила сарчашма мегирад, он ҳамчун нақш бар санг боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, ҳар як падару модарро лозим аст, ки барои таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намояд. Масалан, Сайидзода Зафари Шералӣ дар китоби “Густариши ахлоқи миллӣ – посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ” нақши волидайнро дар таълиму тарбияи фарзанд муҳим дониста,  якчанд нуктаҳоро пешниҳод намудааст, ки онро зикр намудан бамаврид аст:

Сармашқи хуб будан барои фарзанд. Идеал ё сармашқ шудани падару  модар муҳимтарин омили таълиму тарбия ва таъмини беҳдошти равонии  фарзанд аст. Падару модар муваззафанд, ки бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои фарзандони худ беҳтарин рафтор ва гуфторро аз худ нишон диҳанд. Вале, баръакс, вақте волидон дар тарбияти фарзандон саҳлангорӣ мекунанд, дарвоқеъ, вазифаи худро анҷом намедиҳанд.

Омӯзиши фарзанд. Имрӯз ҳар як волидайн масъул аст, ки роҳҳои дурусти омӯзиши фарзандонро муайян намуда, дар роҳи маърифатнокии фарзандон шароитҳои мусоидро фароҳам созанд.

Огоҳ будан аз масъулияти худ. Падару модар бояд донанд, ки барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд. Аммо баъзе аз волидон андеша доранд, ки бо таъмин намудани фарзандон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ вазифаи худро пурра иҷро кардаанд.

Ба андешаи мо, падару модар замоне аз масъулияти худ огоҳ мешаванд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд маълумот ва маҳорату малакаи кофӣ дошта бошанд. Инчунин, аз нигоҳи мо, барои ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ва ҳамчун шахсияти комил шудан дар зиндагӣ чунин омилҳо зарур мебошанд:

Истифодаи самараноки вақт. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонон дарк намекунанд, ки вақти зиёд ва қимати хешро дар сомонаҳои интернетӣ паси ҳар гуна бозиҳову машғулиятҳои бесамар мегузаронанд. Ин чанде аз зуҳуроти ташвишовар дар ҷаҳони имрӯз аст, ки бояд сари ин масъала ҳар ҷавони тоҷик андеша намояд ва бояд донад, ки барои аз миён бурдани давлату миллат манфиатхоҳон аввал тафаккури ҷавононро дигар мекунанд. Вақте ҷавонон майл ба гурӯҳҳои ифротӣ мекунанд ва ё соатҳо дар сомонаҳои интернетӣ паси ҳар гуна корҳои ношоям машғули бозӣ мегарданд, албатта, аз сиёсат ва корҳои ҷамъиятӣ дар канор мешаванд. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд вақти худро барои иҷрои корҳои муфид, аз ҷумла азхуд кардани донишҳои касбӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ сарф намояд.

Доштани идеал. Ҳар як фард аз хурдӣ орзу дорад, ки мисли шахсе бошад, ки ӯро барои худ ҳамчун идеал қабул намоянд. Масалан, бисёре аз ҷавонон мехоҳанд, ки мисли ягон соҳибкори муваффақ, сиёсатмадори бузург ва ё олими шинохта маъруфу машҳур бошанд. Барои амалӣ намудани ин орзуҳо ингуна шахсиятҳоро дар зиндагӣ ҳамчун идеал интихоб намудаанд. Интихоби идеал имконият медиҳад, ки ҳар як ҷавон аз фаъолият ва роҳҳои тайнамудаи идеали худ бохабар бошад ва кӯшиш мекунад, пайрави идеали интихобкардаи худ бошад.

Ҳоло барои ҷавонони имрӯза ба мисли Пешвои муаззами миллат идеале зарур аст, то тавонад, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда бошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони имрӯз мисли қаҳрамонҳои миллат кордону донишманд шуда, барои халқу миллат хизматҳои шоён мекунанд.

Доштани мақсад. Чӣ тавре ки дар боло қайд гардид, давраи ҷавонӣ пур аз орзу ва хаёлҳои рангин буда, дар ин айём орзуҳои зиёде доранд. Вале, бояд гуфт, ки орзу аз мақсад фарқ дорад. Орзу ҳамон вақт ба мақсад табдил меёбад, ки агар он ба сармашқи ҳамарӯзаи шахс қарор гирад ва барои расидан ба он ҳамеша кӯшиш намояд. Доштани мақсад барои инсон имконият медиҳад, то аз корҳои беҳуда, фикрҳои бегона дур бошанд ва барои амалӣ намудани он равона гарданд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки дар назди худ мақсади муайян гузошта, барои расидан ба он ҳамеша дар ғайрат бошанд.

Кор аз рӯи нақша. Дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ мо корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонем, аммо баъзан ҳолатҳое мешавад, ки корҳои иҷрокардаи мо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Агар ба андешаи инсонҳое, ки дар зиндагӣ муваффақ гардидаанд, назар намоем, маълум мегардад, ки онҳо тамоми корҳоро аз рӯи нақша анҷом медиҳанд. Воқеан, амал кардан аз рӯи нақша барои ҳар шахс имконият медиҳад, то фаъолияти худро ба низоми муайян дароварда бошад. Ҷавонони имрӯзаро низ зарур аст, ки дар зиндагӣ нақшаи кории ҳаррӯзаи худро дошта бошанду аз рӯи он амал намоянд ва ниҳоят корҳои иҷрокардаи ҳаррӯзаро натиҷабардорӣ кардан мувофиқи манфиат ва мақсад мебошад.

Хамин тавр, дар шароити муосир тарбияи дурусти ҷавонон имконият медиҳад, ки ин қишри пурқувваи ҷомеа дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба воя расида бошанд. Имрӯз бояд ҳар як ҷавон сари масъалае андеша намояд, ки дар назди худ кадом вазифаҳоро гузоштааст, ки барои пешрафти давлату ҷомеа ва оилаи худ манфиатовар аст.

Имрӯзҳо аз ташаббусу пайкори ҷавонон маълум аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии кишвар бо сари баланд ва неруи бузург сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллатро  ҷонибдорӣ мекунанд.

 

Охунҷонова Н.Р. – директори нашриёти “Дабир” ва “Ахбори ДДҲБСТ” н.и.ф., дотсент

Комилов М.М. – магистранти ДДҲБСТ

 

You might also like