Бешарафии Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ
Бояд қайд намуд, ки чанд соли охир Кабирӣ, пайравони бадарғаву мазлуми ТТЭ ҲНИ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон аз моҳи сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии Наҳзати ислом ғайриқонунӣ эълон гардида буд, то имрӯз сомонаҳои интернетиро ҳамчун майдони асосии тӯҳмату дасисабозиҳои худ давом дода истодаанд. Ин гурӯҳ аз амалиётҳои нестдарҷаҳон овозаву дарвоза шуда, дар ҳақиқат дар хориҷи кишвар мисли сагони дайду бе саҳиб, бе сарвар, бе ватан, дар хумори хоки ватан дар хизмати хоҷагони хориҷии хеш фаъолият намуда, аз пайи ба доми дурӯғ андохтан, гумроҳ намудани ҷонибдоронашон мебошанд. Ин ашхос аз дурӯғгӯиву гумроҳкунӣ, тӯҳмату дасисабозиҳои худ рӯй нагардонида, зидди сиёсати давлату ҳукумати кишвар гузоришу хабарҳои бардурӯғ паҳн менамояд.
Шоир гуфтааст:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
Сарвари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ насаби кабирӣ дошта бошад ҳам, аз шараф нишоне надорад ва пайравони бадарғаву мазлуми ӯ аз шарфу шарафмандӣ дуранд, бо ин тӯҳмату дасисабозиҳои худ ба шарафманд наздик ҳам шуда наметавонанд.
Бояд зикр намуд, ки Қисми ҳафтуми филми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” маҳз ба амалҳои номатлуб ва тақдири талху шармандавори Муҳаммадиқболи Садриддин бахшида шудааст ва маълум гардид, ки ӯ тарбияи носолим доштааст. Магар касе ки тарбияи носолим дошта бошад, аз куҷо ӯ шарафу шарафмандӣ донад ва аз инсониву инсонгароӣ бохабар бошанд.
Устод Садриддин Айнӣ навиштаанд, ки “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Дар рӯё рӯи ҳама ин бадиҳо, бо қабули ҳама пастиҳо, имрӯз чанд тан тоҷике, ки ҳайф бод номи тоҷику тоҷик будан ба онҳо, шарафу номус ва сифати инсонии худро аз даст доданду ба пистони модари худ тӯф карданд, шири сафедашро пос надоштанд ва ҷонибаш санг андохтанду назди дигарон бадаш гуфтанд.
Касоне, ки барои падару модари худ хизмат накардаанду аз ватан дур дар хизмати бегонагон буда, ватан, ватандорӣ чӣ буданашро намедонанд, барои мардум ва давлати худ хизмат накардаанд, аз куҷо шараф, номус, шарафмандро медонанд. Чунин ашхос бегонаи ҷамъият ва ватан мебошанд ва мебояд, ки онҳоро маҳкум намоем ва аз ин қабил шахсони разил канораҷӯӣ намоем.
Мо, устодон, омӯзгорону фаъолон, шаҳрвандони оддӣ, бо дарки масъулият оид ба амалҳои ғайринсониву ношоистаи ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш ҳарф зада, аҳли ҷомеаро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоем ва хоҳони он мебошем, ки осмони Тоҷикистони азизамон софу беғубор бошад, халқи меҳнаткаши ба ору номуси тоҷик хушу хурсанд бошад.
Атоева М.М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ