М. Кабирӣ барои ҷиноятҳояш дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад дод
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ – мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадумӣ асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ , авомфиребӣ ва худотарошии ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавми, гурӯҳӣ, динӣ- масҳабӣ қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсони симоҳои ,,авлиёгунӣ”-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омода буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.
Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан ёрӣ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Аз таърих маълум аст, ки ҳанӯз, баъд аз истилои араб, вақте ки давлати Тоҳириёни тоҷик дар муқобили хилофати араб ба вуҷуд омад, халифаи араби аббосӣ дар ҳамкорӣ бо рӯҳонияти тоҷик онро аз байн бурда буданд. Дар ҳамкорӣ бо хонҳои турку рӯҳонияти дар дастгоҳи ҳукумати Сомониён нуфуздошта низ хулафои аббосии араб ба осонӣ ҳукумати миллии Сомониён, ки ба араб итоат намекард ва дар ҳифзи арзишҳои миллию давлатдории миллӣ қарор доштанд, аз байн бурда ва ба ҷои онҳо хонҳои туркро ҷойнишин карда буданд. Бо ҳамин хиёнати рӯҳониён тоҷикон дигар натавонистанд давлати миллии худро бо он ҳашамату қудрате, ки Сомониён доштанд, аз нав эҳёю бунёд созанд.
Вақте ки лашкари хунхори муғул ба шаҳри Самарқанд даромада натавонист, муғулҳо ба василаи туркон, ки муғулҳо онҳоро ҳамтабори худ медонистанд, ба қалби шайхулисломи Самарқанд роҳ дарёфтанд ва бо фармони шайхулислом пинҳонкорона шабонгоҳ дарвозаҳои Самарқанд боз шуданд ва лашкари муғул вориди шаҳр гашта, дар як зарба 60 ҳазор тоҷикро аз дами теғ гузаронид. Чуноне ки донишманди эронӣ дар асараш «Сохти давлат дар Эрон» нигоштааст, чун дар Бухоро Чингиз савора ба масҷиди ҷомеъ даромад, лаҷоми аспонро ба дасти рӯҳониёни баландпояи Бухоро дода, сандуқҳои Қуръонро охури аспон кард ва ба минбар баромада худро таҷассуми хашму ғазаби Худо хонд. Рӯҳоният бошанд ба ҷойи мардумро ба мубориза даъват кардан онҳоро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд.
Дар давраи «табартақсим» кардани тоҷикон ба ҳудудҳои мухталифи ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ дар садаи ХХ бо далели ҳаммазҳаб будани тоҷикон бо мардумони турк рӯҳонияти тоҷик ба пантуркистон, ки мавҷудияти тоҷикро дар қаламрави Осиёи Миёна инкор мекарданд, ягон муқобилият нишон надоданд. Ҳол он ки онҳо он замон қувваи бузурге буданд. Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 90-ӯми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобовари фаъолияти сиёсӣ-динии ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидааст.
Инак, нигаронии сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ бобати ин мавзуъ зиёд мебошад, ки мегуянд ҷавонон худро аз ҳар гуна зухуроти номатлуб дур гиранд ва фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашаванд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба ин хоинони миллат ҳаргиз бовар накунем ва ҳамеша дар фикри ободии кишвар бошем.
Алимов Б.Ҳ. – дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ