ХОРУҒ. БАЛВОГАРОН, ХИДМАТГУЗОРОНИ ИБЛИС
Оид ба маблағгузории гуруҳҳои криминаливу террористӣ дар шароити шаҳри Хоруғ, ки дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир гаштааст, иттилооти нопурраву пароканда омада истодаанд. Вале чизи муҳим дар ҳамаи ин нобасомониҳо – ба авҷу хурўҷи ҷинояткорӣ нуқта гузошта шуд. Ин воқеиятро дастоварди бузурги сокинони шаҳр дар якҷоягӣ бо устувориву истодагарии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки бо қатъият нисбат ба авҷу шиддати ҷинояткорӣ, бесарусомонӣ, ҳарҷумарҷ, дуҳокимиятӣ, ошўбу бетартибиҳо НЕ гуфтанд, ҳисобидан мумкин аст. Аз ҳама муҳимаш нисбат ба истилоҳ «урфу одатҳои маҳбасӣ», ки дар шуури қисми муайяни ҷавонон реша давонда буд, ба қаллобиву фиреби аср дар шаҳраки дурдаст дар пайвасти хати ҷанубии қитъаи Авруосиё хотима гузошта шуд. Ниҳоят дарк гардид, ки саркардагони гуруҳҳои ҷиноятпеша сутуни дунё бо имтиёзҳои ҳал кардани тақдири одамон набуда, шахсони дар вақташ ҷинояткору маҳкумшуда ҳастанд. Моҳи майи соли 2022 лаҳзаи тақдирсози таърихӣ – лаҳзаи таъмини волоияти қонун дар Хоруғ ва маҳалҳои гирду атрофи он маҳсуб меёбад. Вақте ки мақолаи мазкур омода мешуд, иттилооти умедворкунанда дар бораи тантанаву пирўзии қонун дар ВМКБ – дастгир карда шудани саркардагони груҳҳои ҷиноятпеша Толиб Айёмбеков, Ниёзшо Гулобов, Мунаввар Шанбиев ва ҳамчунин дар натиҷаи муқобилияти мусаллаҳона маҳв карда шудани Мазоров Х. ва Раҷабов З. омада расиданд.
- Аҳолии 30-ҳазорнафара, 30 сол дар гаравгонии гуруҳҳои муташаккили ҷиняткор
Шаҳр-гетто, шаҳри хурдакак бо аҳолии қариб сӣ ҳазор нафар. Бо як чароғаки раҳнамо ва ягона кўча бо гуноҳи дастандаркорон аз интернатсионали террористӣ дар охири соли 2021 ва оғози соли ҷорӣ барои озмоиши нисбатан хавфнок ба мавзеи мувофиқ табдил дода шуд. Шаҳри хурдакак бо кибру ғурури бепоён, ки дар муҳити он гўё ҳар ҷинояткор худро шоҳу табъашро вазир меҳисобид. Лаҷом назадан ба чунин хавфи омадаистода ба озод кардани ҷини нооромиву бесуботӣ дар шоҳроҳи аз ҳама хавфноки ҷаҳон, ки бо се кишвар – Афғонистони дар ихтиёри толибонбуда, Чин ва Қирғизистон шабоҳат дошт. Мақоли касе ки Помирро идора мекунад, ҷаҳонро идора мекунад, дар моҳи майи соли ҷорӣ барои тамоми ҷанбаҳои давлатдории тоҷикон шаклу суроби мушахас пайдо кард. Имконият пайдо гашт, ки мардум аз панҷаи иттиҳоди ҷиноятпеша бо унсури интернатсионалӣ озод карда шавад. Аксарияти сокинони шаҳр, ки зери дасти нафарони ношоиста, душанони ҳокимияти давлатӣ қарор доштанд, дар ҳолати яъсу ноумедӣ буданд. Қаҳру ғазаб, хавотирӣ, тарсу ҳарос сокинони Хоруғро дар давоми фосилаи дурударози вақт дунболагирӣ мекард. Ҳалли аҷиби масъалаҳо ҷой дошт. Нафари бесавод ва дорои сифатҳои зарурии ахлоқинабуда худро ба неруи ҳокимият муқобил мегузошт, мақомоти легитимии ҳокимияти давлатиро эътироф намекард, тартиботи асримиёнагии ҷомеавиро кор мебурд. «Ҷанги сард» бар муқобили ба андешаи онҳо бегонагон, аз рўи принсипи “Divide and rule”, ба лаҳни шуғнонӣ-помирӣ “Машет – Тама”, “Маш Боб замин” эълон карда шуда буд. Воқеан, ҳамчун бегонагон худи шаҳрвандони Тоҷикистон, он тоҷиконе, ки оилаву фарзандони худро гузошта, дар минтақаи Помир сарҳадро нигаҳбонӣ карда, дасти ҷинояткоронро кўтоҳ мекарданд, он тоҷиконе, ки тарзи тайёр кардани таом, савдо дар бозорро меомўзониданд, эълон карда мешуданд. Инҳо он шахсон – андозсупорандагоне ҳастанд, ки ба туфайли дотатсияашон шаҳри Хоруғ ба шаҳр монанд гашта истодааст. Хонандаи муҳтарам, худ қазоват намо, барои таҳаммул намудани бедодгарии гуруҳи калони ҷиноятпеша, ки пояҳои идоракунии давлатиро заиф мегардонд, чи қадар ирода кифоягӣ мекунад? Ҷавоби ин савол ҷои баҳс надорад. Он аксиомае мебошад, ки категорияи сабабу натиҷа ҳалли қатъии масъалаи Хоруғро таҳрик намуд.
- Оид ба масъалаи маблағгузории терроризм
Дар амалияи ҷаҳонӣ масъалаи маблағгузории терроризм масъалаи ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Корпоратсияву муассисаҳои махсусгардонидашуда барои саркўб намудани ин ифодаи бадӣ машғул ҳастанд. Рўйхатҳои алоҳида дар бораи пулшўӣ омода карда мешаванд, нисбати шахсону ҳатто кишварҳое, ки ба дорошавии ғайриқонунӣ ҳамроҳ ҳастанд, ҳаводорони пули бедарди миён санксияҳо эълон карда мешаванд. Рўйхати сиёҳу нимсиёҳи шахсоне, ки дар доираи муқовимат ба маблағгузории терроризм амалҳои мувофиқу мутаносибро анҷом надодаанд, тартиб дода мешавад. Маҳз аз рўи ҳамин лоиҳа табдил додани Хоруғ ба истеҳкоме, ки бесарусомонии идорашаванда ҳукмфармо бошад, гумроҳии сокинон ба амал бароварда шуда, худи шаҳр ба бошишгоҳи ҷинояткорон ва ҷамъшавии пулҳои ифлоси ҷиноятӣ табдил ёфт.
Кадом далелҳоро муаллиф дар ихтиёр дорад? Бо кадом роҳ имкон пайдо гардид, ки кирдорҳои корчаллонҳои пирамидаҳои молиявӣ дар шаҳр пешгирӣ карда шаванд? Дар доираи ин мақола Иблис кист? Дар ин бора гузориши нави мо, ки дар рафти таҳқиқот бевосита дар Хоруғ омода карда шудааст.
Чуноне ки пештар қайд карда будем, гунаҳкори асосии тамоми бадбахтиҳои Тоҷикистон ва иблиси аз ҳама хавфнок дар давоми 40 сол Ҳизби назҳати ислом, вориси «Ихвон ал-муслимин»-у шарики ДИИШ ва «Ал-Қоида» оид ба амалияи шариатии идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Ташкилотҳое, ки усулҳои асосии фаъолияташон зулму ситам ва террор маҳсуб меёбад. Ҳизбе, ки рақиби тамоми ҳадафҳои бунёдкоронаи миллати тоҷик, душмани ашаддиву оштинопазири илму технология, олимону омўзгорон ва зиёиён, мусиқиву санъат буда, ҳамзамон шарики ҷиноятпешагону бадкорони тамоми намуд. Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ (ТЭТ ҲНИ) дар гирдиҳамоиҳои Хоруғ бо минбаъд муташанниҷ сохтани вазъ қариб 1 млн. доллар ҷудо кардааст. Қисми ин маблағ, тавассути миёнравон, ба суммаи қариб 100 ҳазор доллар аз ҷониби Шерзамонов барои «Комиссияи 44» интиқол дода шуда буд. Аз рўи ҳамин схема алоқаи ТЭТ ҲНИ дар Олмон, аз ҷумла бо сиёсатмадори дурўғину бевиҷдон Кабирӣ, ки бо мақсадҳои ғаразнокаш ба воситаи истифодаи омили «ақаллияти помирӣ» мехост эътибору нуфузи худро эҳё намояд, ба роҳ монда шуда буд. Ҳамчунин, тавассути амалиёти молиявии қаллобона барои эҳтиёҷоти саркардаи гуруҳи криминаливу террористӣ Мамадбокиров яроқи оташфишон ба даст оварда шуда, он ҳам барои муҳофизати саркардаи мафияи маҳаллӣ ва ҳам барои нишон додани муқобилият нибат ба мақомоти ҳокимият тақсим гардида буд. Дар мавриди нишон додани муқовимат ба кирдорҳои ҷиноятиашон онҳо ният доштанд, ки ҷангро оғоз намоянд. Комиссия вобаста ба сохтори худ уҳдадориҳои зеринро тақсим карда буд: сардор, котиби матбуот, хадамоти бехатарӣ, ҳуқуқшинос. Ба ин сохтор ҳатто блогерҳо шомил карда шуда буданд. Онҳо таҳти роҳбарии Ҷумаев Хушрўз, модератори гуруҳи “Помире зивен Pamir info”, нақши таҳвилдиҳандаи маводҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо иҷро карда, намоиши паёмҳову сабти видеоии Шерзамонову ТЭТ ҲНИ-ро ташкил мекарданд, нақшаҳоро таҳрир менамуданд. Пулҳоро аз шаҳри Душабе аз банкоматҳо гирифта, ба Хоруғ дастрас мекарданд. Тавссути ин сафархат воситаҳои муосири алоқа бо мақсади сеанси хосаи алоқа бо ТЭТ ҲНИ дар Аврупо дастрас гардида буданд. Найранге, ки бо амалиёти ҷосусӣ баробар кардан мумкин аст. Ҷейс Бонд – агенти 007 инро орзу карда ҳам наметавонист. Воқеан, Комиссияи 44 ба сифати ҷузъи ҳарбиву тарғиботии ин ҳизб баромад мекард. Ҳамчун котиби матбуот Пирмамадов Хуҷамрӣ ҳисоб ёфта, алоқаро бо агентии иттилоотӣ ба роҳ монда, оид ба вазъи Хоруғ иттилооти таҳрифшударо интиқол медод. Муборакшо Музаффариён пулҳои аз Шерзамонов дастрасшударо дар байни аъзои гуруҳи 44 тақсим мекард. Дар бораи абадан муташанниҷ гардонидани вазъ бо шарти маблағгузории молиявӣ бовар мекунонд. Мамадшоев Хурсанд, бародари Улфатхоним, суммаҳои бештар калонро дар хонаи худ нигоҳ медошт. Ҳамчун собиқ милитсионер аз давлат нафақа гирифта, ҳамзамон маслиҳатгари гуруҳҳои криминалӣ буд. Бо хоҳараш ва язнааш Холбаш аз ҷиҳати идеологӣ ба истилоҳ «мубориза бар зидди бегонагон»-ро асоснок мекард. Ба ин оила имтиёзҳо муқаррар, рутбаву вазифаҳои баланд дода мешуданд. Ношукриву кўрнамакӣ аз ин зиёд буда наметавонад. Ҳолати мазкур ҳолатест ғайримуқаррарӣ.
Диаспораи Хоруғ дар Федератсияи Россия, ки аз ҷониби Вазирбеков О. ва Вазиров А. роҳбарӣ карда мешаваду онҳо дар кофтуков қарор доранд, ҳеҷ не ки ором гашта, фаъолияти зиддиҳукуматии худро қатъ намоянд. Ҳамчун назораткунандаи корҳои помирӣ ба ҷойи Аловатшоев А., ки ба муҳлати 18 сол маҳкум карда шудааст, ким-кадом Мирзоазизовро, ки барои ҳамлаи роҳзанона дар ҳудуди Россия доғи судӣ дорад, таъин кардаанд.
Ҷуғрофияи интиқоли пулӣ тамоми кишварҳоро фаро мегирад. Масалан, аз ИМА шахсе бо номи Муборакшоев Н. ба иштирокчиёни гирдиҳамоӣ 3 ҳазор доллар фиристодааст. Барои маблағгузории терроризм аз ҷониби аъзои Комиссияи номбаршуда таваҷҷуҳи махсус дода мешуд. Ба сифати индикатори бетартибиҳо аъзои нисбатан фаъол баромад карда, ҷамъоварӣ, интиқол ва таҳвили воситаҳои молиявӣ ба онҳо супориш дода мешуд (рўйхат ҷой дорад). Амалиёт аз рўи суратҳисобҳои бонкӣ дар асъори мухталифи хориҷӣ анҷом дода мешуд. Таҳвили маблағҳо аз тарафи намояндагии дипломатии мамлакати маълум, ки дар яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аккредитатсия гаштааст, ба қайд гирифта шудааст.
Депозитҳо, пулҳои нақд, чеку интиқолҳои электронӣ бо мақсади пешниҳоди ҳисобот оид ба хароҷот ба роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дақиқкорона ҳуҷҷатгузорӣ карда мешуданд. Ба табақаи поёнӣ тини пучак дода, худи «элита» соҳиби гонорарҳои бисёрҳазора мегашт. Дар Хоруғ корпоратсияи ТЭТ ҲНИ, яъне филиал оид ба шустани пулҳои террористӣ таъсис дода шуда буд. Мана он ҷое ки Интерпол мавҷудияти проблемаро ба қайд нагирифтааст. Ё барои ин ташкилот стандартҳои духўра меъёри муқаррарӣ ҳисоб меёбад? Барои касе ҷанг, барои касе ҷўшидани дег. Зери пардаи манфиатҳои корпоративӣ, Комиссияи 44 ҳар як сарчашмаи даромадро барои митингчиён махфӣ нигоҳ медошт. Сарчашмаҳо гуногун буда метавонистанд: паҳни маводи нашъадор, фурўши яроқ, дивидендҳо аз ҳисоби соҳибкорони нисбаташон содиқ. Транзаксия дар намуди «ҳавола» ба амал бароварда мешуд. Аз ҷиҳати назариявӣ Интернет ҳамчун шакли тавсеаёбандаи маблуғгузории терроризм баромад мекунад, зеро он имкон медиҳад, ки сирри шахси маблағгузор ва маблағгузоришавандаро пинҳон нигоҳ дорад. Гуруҳҳои террористӣ бо мақсади дастрасӣ нисбат ба дастгирии молиявии тарафдорони худ чунин амалияро истифода мебаранд. Схемаи шабеҳ дар Хоруғ, дар ҷазираи бенизомӣ, низ истифода гашта буд, зеро тавассути ин платформа тахмин карда мешуд, ки он аудиторияи бешатрро фаро гирифта метавонад. Маблағгузории терроризм ҳамчун пешниҳоди воситаҳо ва ё дастгирии молиявӣ ба террористон маҳсуб меёбад. Ҳастанд касоне, ки ба табдили ин гуруҳҳои муқаррарии криминалии кўчагии мутташаккили Хоруғ ба иттиҳодияҳои террористӣ бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Якчанд фактҳо дурустии ин фарзияро собит менамоянд: гаравгонгирӣ, куштори намояндагони ҳокимият, милитаризатсияи ноҳияи Рўшон, ғасби биноҳо, латукўби роҳбари вилоят, депутатҳо, милитсия, кормандони хадамоти бехатарӣ, ташкили фазои тарсу ҳарос.
- Боз як бори дигар дар бораи транзаксияҳо бидуни низоми бонкӣ
Дар давоми марҳилаи сипаришуда ба суратҳисобҳои бонкии аъзои Комиссияи 44, аз ҷумла Пирмамадов Х. 115 ҳазор доллари ИМА, Муборакшоён М. 240 ҳазор доллари ИМА, Иргашев Ф., нафари хаёлпарасту популият 600 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст. Ин рўйхатро идома додан мумкин аст. Ба суратҳисобҳои бонкии шахсоне, ки хизматрасонии пулиро анҷом додаанд, аз ҷумла банкинги пинҳонӣ ва ё ба истилоҳ «ҳавола» ва барои крминализатсияи Хоруғ то ин лаҳза 2 млн. доллари ИМА ворид гаштааст.
Ҳангоми тарҳрезии нақша, вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ба муташанниҷ гардонидани вазъи ноҳияи Рўшон таваҷҷуҳи алоҳида дода шуда буд. Тибқи ин нақша, рўшониён мебоист ба неруҳои ҳукуматӣ зарбаи мусаллаҳона зада, канали интиқоли яроқу аслиҳаро аз Афғонистон ба роҳ мемонданд. Дар ин маврид базаҳои “Ансоруллоҳ” дар вақти ин хунрезиву кушокушӣ ҳамчун таъминоти ақибгоҳӣ хизмат мекарданд.
Ҳамин тариқ, ошўбу балво тибқи нақшаи муштараки ТЭТ ҲНИ ва саркардагони гуруҳои муташаккили ҷиноятӣ дар Хоруғ сараввал дар шаҳри алоҳида оғоз ва ба ҳудуди бештар доман паҳн карда, вобаста ба ҳаҷми харобӣ паёмади гўшношунидро ба миён оварданаш лозим буд. Хушбахтона, ҳамаи ин паси сар гардид. «Як бор ҷастӣ, малахак …, охир ба дастӣ, малахак»
Фирўз Идрисов, корманди Институти мониторинги минтақавии вазъи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Сарчашма: ЦентрАзия Суроғаи доимии мақола: https://centrasia.org/newsA.php?st=1655200980
Тарҷумаи Шавкат Зокиров – сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии ДДҲБСТ