ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Терроризм ва экстремизм имрўз ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари калонро эҷод намуда, боиси қурбонию хатарҳои калон гардида истодааст.
Бояд зикр кард, ки терроризм ва экстремизм имрўз ба муаммои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бояд давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ бар зидди он пайваста ва дастаҷамъона мубориза баранд.
Танҳо дар натиҷаи чунин муносибат ва фаъолият пеши роҳи ин вабои асрро гуфтан мумкин аст.
Аммо, раванди сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муносибат ба терроризм ва экстремизм аз нигоҳи манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Баъзе давлатҳои абарқудрат ба гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ муносибати дугона зоҳир менамоянд.
Дар натиҷаи чунин муносибат амалҳои террористӣ-экстремистӣ тез-тез ба амал меоянд. Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои худ гурўҳҳои террористӣ-экстремистиро дастгирӣ менамоянд.
Барои мисол гирем, ИМА барои мубориза бар зидди давлати Сурия гурўҳи ифротгаро – ДИИШ-ро дастгирӣ намуда, ба он кўмаки молию ҳарбӣ расонид.
Чунин муносибати ИМА оқибат боиси он гардид, ки дар Сурия аз соли 2015 то ба имрўз гурўҳи террористӣ ДИИШ бар зидди ҳукумати қонунии Сурия мубориза бурда истодааст.
Чунин муносибат хатари гурўҳҳои террористиро ба давлатҳои ҷаҳон боз ҳам зиёд мегардонад.
Бояд зикр кард, ки дар натиҷаи кўмаку дастгирии давлатҳои абарқудрат фаъолияти ифротгароҳои ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бар зидди Тоҷикистон ҳоло ҳам идома дорад.
Раванди ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм танҳо дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳо шикаст додан мумкин аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз минбари СММ ба давлатҳои ҷаҳон муроҷиат намуда, барои ба муқобили терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя бурданро пешниҳод намуд.
Танҳо чунин муносибат нисбати муқобила бо терроризм – экстремизм ва хатари он бартараф карда мешавад ва давлатҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул гардида метавонанд.
Солиходжаева С.А. – муаллимаи калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ