Назан дари кас, ки мезанад даратро ва ё чанд андеша оид ба амалҳои бадкирдоронаи наҳзатиён

Ватандӯстӣ чисту ватандӯстӣ асил кист?! Ин суол маҳз имрӯз бештар мақому муҳим аст, ки давлати соҳибистиқлолем ва пешравию қудратмандии давлатамон аз ҳар яки мо вобаста аст, ки чӣ сон ба дарки ин мафҳум расидаем ва масъулиятро пеши Ватани ҷоноҷон эҳсос мекунем. Рӯшан аст, ки на он касе, ки танҳо манфиати худро дида, кораш сарам-дилам аст, ватандӯст аст. Барои мисол, духтуре, ки барои каме табобат, аз бемор маблағи зиёд талаб мекунад, на ватандӯст буда метавонад ва на вориси арзандаи Синои бузург аст. Ӯ танҳо «қасамзадаи пешаи худ аст»-у мардум эҳтиромаш нахоҳад кард.

Боиси тасссуф аст, ки чанд соли охир, бо амалҳои номардонаи худ гурўҳи номардон ва баватанони берун аз марз, ки худро наҳзатӣ метарошанд, ба осмони сулҳу суботи Ватани азизамон мехоҳанд кинаву адоват ворид намоянд.

Вақт исбот намудааст, ки роҳбарони гурўҳҳои террористӣ дар амалҳои мудҳиши ҷиноӣ ва хоинии бузург ширкат дошта, ҷони чандин нафаронро гирифта, хонаи бисёриҳоро вайрон намуда буданд. Халқ хуб гуфтааст, ки «Назан дари кас, ки мезанад даратро». Маълум гардид, ки роҳбарони гурўҳҳои террористӣ ва пайравонашон солҳо дари мардумро кубида, хонаи онҳоро харобу нони онҳоро аз даҳонашон кашида, билохира чунин рўз ба сари худаш омад. Яъне дар ин дунё ҳама кор подоши худро дорад. Мардуми Тоҷикистон амалҳои ҷиноии роҳбарони гурўҳҳои террористӣ ва пайравонашонро ҳеҷ вақт фаромўш намекунад ва хуб медонад, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва «Гурўҳи 24» ки ҳастанд. Акнун ин пайравони гурўҳҳои террористӣ, ки ҳамчун сагони девонаи дайду, хоинони миллат ва хокзани хоҷагони хориҷӣ гаштаанд, бо жожгўйиҳо худ «ифтихор» мекунанду равзанаи сомонаҳои интернетиро макони даъвоҳои беасоси худ қарор медиҳад. Магар ба сагони девонаи Аврупо касе таваҷҷуҳ зоҳир мекунад? Ҳаргиз на! Миллати тоҷик воқеияти ҲНИ-ро дарк намудааст ва онро чун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ мешиносад. Месазад, ки ин воқеият дар тамоми созмонҳои байналхалқӣ қабул карда шавад.

 

Санавваров Ғ.Б. – мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like