СУЛҲ –КАФИЛИ ОРОМИЮ СОЗАНДАГӢ
Воқеаҳое, ки дар минтақаҳои гуногун ба амал меояд, касро дар шигифт мегузорад. Чаро инсоният ба узви худ хиёнат мекунад? Аҷиб аст, зеро чи хеле ки Саъдии бузург мефармояд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Вазъияти оламро абарқудратҳо ноором сохта, “обро лой карда моҳӣ доштанӣ”-анд. Аммо намеандешанд, ки ин вазъ рӯзе метавонад ба сари онҳо низ ояд. Ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Бадахшон ба амал омад, дасти нафароне аст, ки ба қавли мазкур “тушбераро хом шуморидаанд”. Мақсади абарқудратҳо ноором кардани минтақаҳои гуногуни кишварҳои олам буда, бо истифода аз вазъият, аз навтақсимкунии харитаи дунё аст, аммо баъзе аз мардуми ноаҳл ба маънии ин гуна сиёсатбозиҳо нарафта, кӯр-кӯрона аз паси ин ё он гурӯҳ мераванд, ҳол он ки мақсад ва мароми абарқудратҳо танҳо нооромӣ ва вайрон кардани суботи ин ё он давлат аст.
Воқеаҳое, ки дар Қазоқистон, Беларусия ва баъзе минтақаҳо ба амал омаданд, як хел сенария доштанд ва мақсадашон низ як хел буд. Аз дохил вайрон кардани сулҳу суботи кишвар… Исботи ин гуфтаҳо вазъияти баамаломадаи Украина, ки бо халқи худ созиш накард, ба сулҳу оромӣ наоварду бо дасти сеюм ватанашро ба харобазор табдил дод, аст.
Аз ин хотир, мо аҳли зиё ба мардуми азияткашида, тайи асрҳои зиёд тохтутозҳои гуногуни аҷнабиро аз сар гузаронида, сабру таҳаммулро аз даст надода, боз фарҳангу тамаддуни оламшумули худро эҳё намудааст, гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ ба сухани нафарони ғайр, ки худро дилсӯз нишон доданианд, бовар накунанд, зеро ин тоифа “гург дар ҷомаи меш”-анд.
Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ