Саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ

Масъалаи сарвар, сарварӣ ва Пешво аз замонҳои қадим диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Арасту низ ба масъалаи сарварӣ диққати махсус додааст. Ӯ дар асари машҳураш “Сиёсат” сохтори давлатии мамлакатҳои зиёдеро тафсиф менамояд. Ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо назар намуда, нақши одамони давлатӣ ва ҳарбиро дар мадди аввал мегузорад.

Абӯнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии “Мадинаи фозила” сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади  “Мадинаи фозила” подшоҳон истодаанд. Подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90 – уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бо бӯҳрони шадид рӯ ба рӯ шуд. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Дар чунин лаҳзаи ҳассос, барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат  ҷони худро дареғ надорад.

Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллиашро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992, дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерӯҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ  гардад  ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд.

Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонист, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шӯълаи умед бахшад. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшид.

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари ҷомеаро ба ӯҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ӯ дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархурдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир ба вуҷуд овардани Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додааст.

Аз рӯзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид.

Ин нукта дар муроҷиатномаи ӯ “Ба  халқи шарифи Тоҷикистон” аз 12.12.1992  хеле хуб зикр ёфтааст: “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равон карда, барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чун, ки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

Пешвои миллат кори давлатдории худро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз кард. Бо вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти Ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад.

Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ, аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон меистод, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, таҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Дар ин масъала Пешвои муаззами мо давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард, ӯ шахсест, ки таҳти роҳбариаш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, рушди саноат дар таърихи навини Тоҷикистон нақши муассир дорад. Дар натиҷаи татбиқи стратегии миллии рушд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар кам шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар беҳтар гардид.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати Тоҷикистон тақдири баланд ба миллати куҳандиёри тоҷик насиб кард, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шавқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарию мардумгароиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи моро имрӯз ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш.- дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like