ҲИФЗИ ДАВЛАТДОРӢ, ТАФАККУРИ ДАВЛАТӢ ВА МОҲИЯТУ АҲАМИЯТИ ОН
Масъалаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи давлату давлатдории миллӣ имрӯз низ ҳамчун масъалаи аввалиндараҷаи миллӣ ва давлатии мо бокӣ мемонад. Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва осебпазир шудани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароитҳои ҷаҳонишавӣ ин масъаларо боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст.Ин аст, ки мавзӯи ҳифзи давлатдорӣ аз ҷумла, дар Паёми навбвтии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 низ ҳамчун ҳадафи аввалин ва муҳимтарини давлат дар марҳилаи ояанда нишон дода шуд.
Аммо дарки чунин масъалаҳои мураккаб аз тарафи шаҳрвандон ба татбики як барномаи амиқи таълимӣ ва тарбиявӣ эҳтиёҷ дорад , ки ба воситаи он маърифат ва огоҳии сиёсии мардум ба сатҳи зарурӣ бардошта шуда, дар замири ҳар як сокини кишвар таффакури давлатӣ,руҳияи давлатмеҳварӣ ва ҳисси ватандустӣ ҳануз аз синни ҳурдсолӣ ташаккул ёбад. Дар ин раванд бояд ба он ноил гардем, ки ҳар як сокини Точикистон, хусусан, қишри сиёсию идории ҷомеа, таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи давлатдории миллӣ, аҳаммияти истиқлолу соҳибиҳтиёрӣ,таҳдидҳои мавҷуда ба давлатдори мо, окибатҳои амалии аз даст додани давлатдории миллӣ ва ғайраро бо тамоми вуҷудаш дарк намояд. Пас, иҷрои ин вазифаи таърихӣ фақат дар ҳолати ташаккули тафаккури давлатӣ имконпазир мебошад.
Ҳамин тавр, шаклгирии тафаккури давлатӣ ва ташаккули мактаби давлатдории миллӣ аз масъалаҳои асосии давлатдории муосири тоҷикон буда, сарнавишти ин давлату миллат дар кутоҳмуддат ва дарозмудат ба чигунагии ҳалли ин масъала вобастагии зиёд дорад.Набудани тафаккури давлатӣ имкон намедиҳад ,ки имрӯз як силсилаи масъалаи ҳаётан муҳими давлатдорӣ ва эҳёи миллӣ ҳалли муносиби ҳудро ёфта, рушди устувори сиёсӣ, фарҳангӣ ва ичтимоии давлати миллӣ таъмин гардад.
Аз ин ру, дар навиштаи ҳозир талош шудааст, ки чи будани худи тафакури давлатӣ ба таври мухтасар шарҳ шуда, зараҳои набудани он барои давлату миллат, сабабҳои ташаккул наёфтани он дар ҷомеаи мо, фарқи тафаккури давлатӣ аз мафҳумҳои <<ҳисси миллӣ>> ,<<мавқеи миллӣ >>, <<ҳисси давлатдорӣ>>, <<идеяи миллӣ>> ва <<идеологияи давлатӣ>> нишон дода шаванд. Ва дар охир, дар самти расидан ба тафаккури давлатӣ баъзе мулоҳизаю пешниҳодҳои мушаҳҳас ироа шудаанд. Умедворем,ки бо таваччуҳ ба аҳҳамияти ҳаётии масъала барои давлатдории миллӣ,дустони дигар низ андеша ва амали ҳудро дар ин самт дареғ надошта, дар ниҳоят, дар ҳамфикрию ҳамкорӣ бо ҳам, пояҳои устувори тафаккури давлатии моро фароҳам меоваранд.
Тафаккури давлатӣ навъи мавкеи шахсиятӣ ва сатҳи бинишест,ки фард моҳияти давлат, аҳаммияти давлат,сиёсати давлат ва манфиатҳои давлатиро, дар сатҳи зарурӣ дарк намуда, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, гуруҳӣ ва ҳизби худ болотар гузошта, ба масъалаҳои аз сатҳи давлатӣ ва аз диди манфиатҳои давлат нигариста, пеш аз ҳама дар, ростои манфиатҳои давлат амал мекунад. Илова бар ин, дар шароити давлатҳои миллӣ, тафаккури давлати ҳисси миллиро низ дар бар мегирад,зеро дар давлатҳои миллӣ манфиатҳои давлатӣ бо ормонҳо, арзишҳо ва заруратҳои миллати давлатсоз пайванди амик доранд.
Агар ин таърифи мухтасари мафҳуми тафаккури давлатиро шарҳ намоем, он пеш аз ҳама, унсурҳо аломатҳо ва шартҳои зеринро дар бар мегирад:
1.Дарки моҳияти давлат .Яъне, фарди дорои тафаккури давлатӣ бояд ба таври рушан огоҳӣ дошта бошад, ки давлат чист, моҳияти он кадом аст, сохтор, вазифаҳо ва нақши он аз чи иборат аст. Доштани чунин огоҳӣ дар бораи моҳияти давлат пеш аз ҳама, бо роҳи гирифтани таҳсилоти касбии мудирияти чамъиятию сиёсӣ ё доштани мутоила ва омӯзишҳои ҷиддии сиёсию чаъмиятӣ ва ё аз роҳи андуҳтани таҷрибаи ҷиддӣ кори идорию давлатӣ ба даст меояд.Дар ғайри ин сурат, фаҳмиши ғайрикасбии моҳияту накши давлат наметавонад, то сатҳи тафаккури комили давлатӣ ташаккул ёбад.
2.Дарки аҳамияти давлат. Яъне фарди дорои тафаккури давлатӣ бояд аҳамияти давлат барои чомеа ва дар шароити давлати миллӣ ,аҳамияти давлати миллӣ барои бако ва рушди як миллатро дуруст ва огаҳона дарк намояд. Ӯ бояд таъриҳи талошҳои миллат барои касби давлат,имтиёзу дастовардҳои миллатҳои соҳибдавлат ва сарнавишти фочеавии миллатҳои бедавлатро ба таври амик донад. У бояд дуруст тасаввур намояд ,ки дар сурати аз даст рафтани давлат такдири миллати у, такдири худи ӯ,сарнавишти падару модар ва фарзанди у,сарнавишти ҳамватанон ва ҳаммиллатони ӯ чӣ ҳоҳад шуд. Маҳз дар сурати дарки ҳам ҳиссӣ, ҳам иттилоотӣ ва ҳам ақлии ин масъала фард метавонад давлатро ҳамчун арзиши аввал ва зарурати якум муҳим донад ва ҳифзу бақои давлат ва манфиатҳои онро дар афзалият қарор диҳад.
Дар чунин муҳит, коршиносон низ худро бахше аз фазои миллӣ, саҳмгузори рушди ҷомеа ва иштирокчии раванди таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ медонанд.Ин ҳолат барои онҳо ҳам ифтиҳори бузург ва ҳам масъулияти азимро дорад. Ва тибқи бисёр таҳлилҳо, яке аз розҳои асосии кудрати давлатдории ИМА маҳз дар ҳамин пайванди дониши таҳлилӣ ва таҷрибаи идорӣ, пайванди доираҳои илмӣ ва мақомоти сиёсӣ ва дар як самт ҷамъ омадани неруи зеҳнӣ ва нирӯи идории ҷомеа мебошад.
Ҳамин тавр, набудани фарҳанги истифода аз таҳлилҳои илмию коршиносӣ, набудани фарҳанги ҳамкории шарофатмандона бо коршиносону таҳлилгарон ва дар натича, ҷудо мондани фазои коршиносию таҳлилӣ аз фазои идорию тасмимгирӣ яке аз масъалаҳои ҷиддии фазои фикрӣ ва сиёсии кишвари мост, ки низ бояд огоҳона пушти сар гардад. Маҳз рафъи ин вазъият имкон медиҳад, ки нерӯи зеҳнӣ ва нирӯи идории ҷомеаи мо дар як самт омезиш ёбанд ва дар натиҷа, нируи миллии мо ду баробар ё чанд баробар шавад. Ҳалли ин масъала низ роҳро ба сӯи ташаккули тафаккури давлатӣ ва мактаби давлатдории миллӣ ҳамвортар менамояд.
Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таъриҳ ва диншиносии ДДҲБСТ