Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар љиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз љумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурўши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври љиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурўҳҳои муташаккили љиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.

Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва љаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва љомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таљҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таљҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараља диҳанд.

Изофа аз Президенти Љумҳурии Тољикистон оиди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сухан намуда, қайд карданд, ки бояд мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои махсуси оперативӣ-љустуљўиро љоннок намуда, барои ошкор намудани љиноятҳои мазкур саҳми худро гузоранд. Танҳо дар соли гузашта 67 амалиёти фаврӣ алайҳи қочоқбарон гузаронида шуд.

Тайи 20 соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тољикистон зиёда аз 125 тонна маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ  баровардаанд. Қобили зикр аст, ки дар натиљаи мунтазам андешидани чораҳои зарурӣ тайи солҳои охир қочоқи маводи нашъаовар тавассути Тољикистон коҳиш ёфта истодааст.

Чунончӣ, дар панљ соли охир шумораи шаҳрвандони мо, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориљи кишвар дастгир карда шудаанд, ба зиёда аз ду баробар ва миқдори мухаддироти аз онҳо мусодирашуда то шаш баробар кам шудааст.

Ин далелҳо аз фаъолияти судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҷода гувоҳӣ медиҳад, бори дигар аҳамияти таҳкими сарҳадоти давлатиро ҳамчун яке аз роҳҳои самарабахши муқовимат ба терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он таъкид мекунанд.

 

Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи љиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like