ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАТАН, ДИН, МАЗҲАБ НАДОРАД
Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.
Амалиёти террористи аз қисматҳои зерин иборат мебошад: ғояҳо ва омилҳои сиёсӣ, фаъолияти зӯроварӣ, амали террористӣ.
Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоюли то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад.
Вожаи “Терроризм” аз калимаи лотинии “terror” маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – ба восита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ илова бар ин нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо: сӯӣқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ. Намояндаи барҷаста ва одии миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ: содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст. Равона карда шудаанд.
Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯи хусусиятҳои иқтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ, этникӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин як таърифи муккамали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад.
Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо ва ғайра. Созмонҳои террористии “Абу-Нидал”, “Абу-Сайёф” ва “Аум синрике” (Ҷопон), “Хамос” (Фаластин), созмони баскҳои Испания бо номи “Ватан ва озодӣ” (ЭТА), “Ал-қоида”, “Артиши озодиҳои миллӣ” (Колумбия), Созмони озодибахши Томил Илама (Шри-Ланка), созмони “Бригадаҳои сурх” (Италия), “Толибон” (Афғонистон), “Боко ҳарам”, “Ҷабҳат-ан-Нусраи аҳли Шом” (Сурия), “Давлати исломӣ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Лашкари Тайба” (Покистон), “Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод” (Алҷазоир), “Ал-ихвон ал муслимин” (Миср), “Ал- Ҳарамайн” (Арабистони Саудӣ ва ғайра).
Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ “терроризми исломӣ “ таасуби динӣ мебошад. Ифротагроӣ, тундгароӣ, терроризм ва таасуби динӣ сарчашма мегирад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад, ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда. Таасуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки ҳаётро ба сифр баробар карда, маргталаб худро дар як лаҳза қурбоин ҷаҳолат месозад.
Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарсозӣ асри XXI аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир маҳсуб мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ таъкид шуд, ки “Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист”.
Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ