Он кас, ки надорад сифати одамӣ нест баҳри одамиён одамӣ

Бар асари пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ муддате фазои сиёсии кишварҳои воҳид ноором гашта, ҳаводиси ҳузнангезро ба миён овард.

Мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби назму сиёсати нодуруст афтода ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рў ба рў омад. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба суст гаштани низоми ҷомеа ва парогандагӣ боис гашт.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе  кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Дар ин раванд мардуми тољик кӯшиш бар он мекарданд, ки  фазои сулҳу субот созандагӣ ва пешравии кишвар барқарор гардад, лекин буданд афроде, ки ба давлату миллат хиёнат намуда, пеши роҳи пешравии муназзами кишварро халалдор месохтанд.

Бо дастгирии хољагони хориљӣ баъзе аз афроди гумроҳгаштаи тољик бо мақсадҳои ѓаразноки худ ба низоми сиёсии давлати худ зарба мезаданд, ки ин хиёнати онҳоро нисбати марзу бум ва давлату  миллати худ нишон медод. Аз љумла шахсони зерин Таѓоймурод Ашрапов, Абдуллоев Абдуқодир, Қудратов Саймуҳриддин ва ҳаммаслакони онҳо, ки аз љониби ҲНИ (ҳизби  экстремистӣ) ва роҳбарияти он, ҳамчунин ҳамкорӣ  бо Назарзода (ҳољӣ Ҳалим) ба сохти конститутсионии кишвар мехостанд муқовимат кунанд. Чӣ тавре, ки дар наворҳои телевизионӣ пахш гардидааст, ин афрод оиди љиноятҳои содиркардаи худ бар зидди сохти конститутсионӣ ва ваҳшониятҳое, ки нисбати мардуми кишвар кардаанд баён карданд ва дар ин раванд ҳамкории худро бо гурӯҳҳои ифротии хориљӣ иброз карданд. Кирдорҳои љиноии ин террористон ва ҳаммаслакони онҳо нобахшиданист, зеро онҳо бо дастгирии хољагони хориљии худ аз мамолики хориља ба фарҳангу маданият, илму маърифати тољикон мехостанд зарба зананд. Онҳо сифати одамиро надоранд.

Шахсони баруманди миллати тољик, ки дар соҳаи илму маърифат, тиб, ҳуқуқ шӯҳрати љаҳонӣ доштанд аз дасти ҳамин гуна афроди бесурату бесират ба қатл расонида шуданд.

Аз љумла шахсиятҳо ва нобиѓаҳои миллати тољик ба монанди Сафаралӣ Кенљаев – вакили Парлумон,Муҳаммад Осимӣ файласуфи бузург, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Йӯлдошев мушовири Президент, Ҳабиб Сангинов муовини ВКД-и кишвар аз дасти ин гурӯҳи террорист ба қатл расонида шуд, ки зарбае буд ба  пешрафти Тољикистон.

Бояд гуфт, ки ин гуна одамони бевиљдон, ки виљдони худро барои пулҳои ночизе, ки хољагони хориљиашон ба онҳо медоданд фурўхта ба давлату миллати худ хиёнат карданд.

Дар урфият мегӯянд:

Ҷӯе, ки хӯрд аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Аммо террористон на виљдон доранду на маърифату на андешаи солим, зеро онҳо барои манфиати ночизи худ ба хоку марзу буми худ зарба заданд.

Агар фикру андешаи солим медоштанд, зархариди хољагони хориљӣ намегардиданд. Мехостанд, ки муносибатҳои дӯстонаи давлатро бо шарикони стратегӣ аз љумла Федератсияи   Русия тавассути зарба задан ба нерӯҳои дивизияи 201- уми Федератсияи Русия вайрон созанд. Ин хаёлҳои хоми онҳо барабас рафтанд, зеро дар Тољикистони азизи мо нерӯҳои созанда, бузург таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир буданд ва қодир ҳастанд, ки тамоми гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ҳаракатҳову падидаҳои номатлубро шикаста пора пора созанд.

Мисоли равшани ин аз байн бурдани Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ буданд, ки дар як муддати кӯтоҳ шикаст дода шуданд.

Пайдост, ки ҳанўз ҳам дидаи ҳасуди душманони тангназар ба сўи мост. Аз ин хотир, ба таъбири Сарвари давлат ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Ба давлату миллати хеш арљгузор бошем, манфиатҳои миллии кишварро  њифз намоем. Ба тақлидкорӣ роҳ надиҳем. Анъанаҳои миллии тољикиро гиромӣ дорем. Аз ин рў, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷик, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дўст дорем.

 

Алимов Б. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like