Ҷамъомади тантанавӣ аввалин хатмкардагони донишгоҳро сарчамъ кард
“Боли парвози орзуҳои деринтизор” таҳти ин ном имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 25-солагии хатмкардагони донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ назустин хатмкардагони донишгоҳ сарҷамъ гардиданд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни ҷамъомадро шодбош намуда, афзуд, ки фаъолияти онҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат назаррас мебошад. Илова шуд, ки бояд ҳар як нафар хатмкунанда новобаста аз фаъолият дар ин ё он соҳа муносибаташон бо донишгоҳ наканда, саҳмашонро дар беҳтар гардидани фаъолияти донишгоҳ гузоранд. Месазад, ки макони таҳсилкарда чун ҷойи муқаддас мавриди эҳтироми ҳамешагӣ қарор бигирад, иброз шуд дар идома.
Сипас, устоди собиқадор ва омӯзгори аввалин хатмкунандагони донишгоҳ баромад карда, аз ҳаёти вақти донишгоҳ ва шароиту имкониятҳои солҳои аввал ёдоварӣ кард ва ба ҷавонон таъкид намуд, ки ҳоло шароиту имкониятҳои донишгоҳ хеле дигаргун ва рушд намудааст. Аз имкониятҳои мусоиди фароҳамгардида истифода бурда, мутахассисони варзидаи замони муосир тарбият ёбанд.
Ҳамзамон аввалин хатмкунандаи донишгоҳ соҳибкори шинохта Рустами Раҳматулло аз номи ҳамсабақон ба устодон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки минбаъд гурӯҳи онҳо барои донишҷӯёни беҳтарин ҳамасола Идрорпулиҳои яквақтина ба панҷ нафар донишҷӯён дар ҳаҷми 500 сомонӣ ташкил менамоянд.
Ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25- солагии хатмкардагони донишгоҳ бо пешкаш намудани барномаи фарҳангии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”- и назди раёсати донишгоҳ хотима пазируф