ДОИР БА ХИЁНАТҲОИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

Дар замони муосир терроризм ва ифротгароӣ ба яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рўзи башарият ва давлатҳои алоҳида табдил ёфтааст. Аз таҳдиди ин падида ягон давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон эмин монда наметавонад. Солҳои охир терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми  байналмиллалӣ, фаъолшави унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои муссалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Муаммои  терроризм  масъалаи басо муҳими илм ва сиёсати муосир ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон мураккаб аст. Масъалаи асосӣ таъмини амнияти шахс ,ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад. Ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошад.Идомаи минбадаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар манотиқҳои гуногуни олам гардад.

Барои баъзе одамон, гурӯҳҳо ва ташкилотҳо терроризм роҳи ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризм ба он намуди зӯрии ҷинояти дохил мешавад, ки бо худ қурбонишавии мардуми бегуноҳ ва шахсоне мешавад, ки бо ин мавзӯъ ягон муносибат надоранд.

Терроризм ҳамчун масъалаи глобалӣ диққати махсус ва омӯзиширо талаб мекунад ва бинобар ин соҳаи васеъро барои тадқиқот пешниҳод менамояд. Мақсади асосии таҳқиқ омӯзиши терроризм, оқибатҳои манфии он ба амнияти ҷаҳонӣ, омӯзиши таъсири терроризм ба низомҳои байналхалқӣ ва миллӣ, инчунин ҳолати муосири мубориза бар зидди терроризм мебошад.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳанӯз пайомади ногувори амалҳои террористӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, ки наздик ба 3000 кас ҳалок ва садҳо нафари дигарро захмӣ намуд, аз хотирҳо фаромӯш нагардидааст. Террористон тавонистанд бо ғасби якчанд ҳавопаймо кирдореро анҷом диҳанд, ки дар таърих аз мудҳиштарин амали террористӣ ба ҳисоб меравад.

Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд.

Тавре, ки қайд кардам созмонҳои террористӣ аз тамоми имкониятҳое,  ки доранд барои мустаҳкам намудани мавқеъи худ истифода мебаранд, аз он ҷумла дар шароити имрӯза фазои маҷозӣ ё Интернет ба майдоне табдил ёфтааст, ки чунин созмонҳо ва гурӯҳҳо бо лаҳну шеваҳои мухталиф дар он фаъолият мебранд. Онҳо тавассути Интернет дигаронро дар заминаи андешаҳо ва мақсадҳои худ омӯзиш медиҳанд, кумаки молӣ меҷӯянд ва меситонанд, таблиғот мебаранд ва дигаронро ба фаъолияташон ҷалб менамоянд. Бо дарназардошти ин, мубориза бо созмонҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ яке аз унсурҳои муосири мубориза бо терроризм ва хусусан терроризми байналхалқӣ  мебошад. Дар сурати муборизаи муассир бо созмонҳои террористӣ ва ифротӣ дар фазои маҷозӣ имкониятҳои онҳо ба таври чашмрас маҳдуд мегардад.

Дар ҷаҳон мамлакате нест, ки комилан аз амалиётҳои террористӣ эмин бошад. Дар ҳамаи кишварҳо аз ҷониби ҳукуматҳо як қатор қонуну қарорҳо оид ба мубориза бар зидди терроризм амалӣ шуда истодааст.

Ҷомеъаи ҷаҳониро зарур аст беш аз пеш дар муқобили ин хатари хонумонсӯз муттаҳид шаванд, давлате набояд нисбати бадбахтии давлати дигаре дар бобати терроризм бетараф бошад, тавре, ки одам набояд ғарқшавии каси дигарро бетарафона мушоҳида намояд, зеро ҳеҷ давлвт аз хатари  терроризм дар амон нест, танҳои иттиҳод метавонад, хамагуна хатарҳоро рафъ созад.

 

Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like