Дар сӯҳбати соҳибдилон

30 майи соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили тарбиявӣ таҳти унвони “Дар сӯҳбати соҳибдилон” баргузор шуд. Дар маҳфил кормандон ва устодони собиқадори донишгоҳ иштирок намуданд. Садри маҳфил ҳуқуқшиноси варзида, устоди собиқадор ва пуркори донишгоҳ, дотсент Самад Болтуев буд. Дар маҳфили  “Дар сӯҳбати соҳибдилон”  дар мавриди кору фаъолияти мондагор ва зиндагии ибратпазири  устод Самад Болтуев сухан рафт. Иброз шуд, ки саҳми Шарифбоевич Самад Болтуев дар ташкили кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ ва факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ, тарбияи шогирдони зиёд ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ назаррас мебошад.

Дар идомаи маҳфили тарбиявӣ чанде аз ҳамкорону ҳамкасбон ва шогирдони Самад Болтуев перомуни фаъолияти густурда ва меҳнату заҳматҳои содиқонаву софдилонаи садри маҳфил ҳарф заданд.

Ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани маҳфили “Дар сӯҳбати соҳибдилон”  омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами корӣ ва фаъолияти мондагори устодони соҳибмактабу соҳибунвон ва соҳибтаҷриба мебошад. Зиндагиномаи чунин устодонро бояд ҷавонон махсусан донишҷӯён омӯзанд ва дар такмили таҷрибаву малака аз он истифода намоянд.

Минбаъд низ маҳфили мазкур бо иштироки устодони соҳибмақом ва донишманду рӯзгордида баргузор карда мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like