Тамошои дастаҷамъонаи филми “Шикасти фитна” дар ДДҲБСТ

Устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ филми мустанади «Шикасти фитна»-ро дар якҷоягӣ тамошо карданд. Ин ташаббус ҷиҳати таҳкими саводи сиёсии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва огоҳии онҳо аз вазъи ҳаводи сиёсии мамлакат ва ҷаҳон ба роҳ монда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки филми “Шикасти фитна” дар бораи омилони бетартибиҳои охир дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳия гардида, дар он парда аз рӯи хиёнаткорон бардошта шудааст.
Донишҷӯён баъд аз тамошои филм байни ҳам табодули афкор намуданд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи сулҳу суботи мамлакат кӯшиш намоянд.

 

 

 

 

 

You might also like