ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БА ГУРЎҲҲОИ ИФРОДГАРО

Ҷавонон – ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ доранд. Ҳамчунин ҷавонон  насли инсониянд, ки дар марҳилаи гузариши иҷтимоӣ қарор доранд ва асоси нерўи зеҳниву ҷисмонии ҷомеа ба шумор мераванд.

Муаммои паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, терроризму экстремизм,  сиёсатҳои миллатгароёна ва воридшавии наврасону ҷавонон ба ин гурўҳҳо ҷомеаи муосирро бетараф гузошта наметавонад. Боиси зикр аст, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои терористию-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактаб ё худ гурўҳҳои алоҳидаи ғайрирасмӣ аз тарафи шахсони алоҳида ё худ ба ном рўҳониён мебошад.

Ҷавонони моро зарураст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода доир ба ингуна гурўҳҳои ифродгар огаҳи дошта бошанд ва бояд зикр намуд, ки инрўзҳо шаклҳои зиёди экстремизм ва гурўҳҳои зиёди терористи амал мекунанд. Мо тасмим гирифтем якчанд мафҳумҳои экстримизмии мавҷударо ба онҳо рўшани андозем,  инҳо: экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.

Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.

Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ
  • сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам аз омилҳои зиёде, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа  вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон  ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Чорабиниҳои пешгирикунандаи экстремизм дар байни чавонон ҷанбаҳои педагогӣ,  психологӣ,  амалӣ  доранд. Аз  ҷумла  пешгирии экстремизм  дар раванди  таълим, таҳлили фалсафӣ,  таърихӣ,  иҷтимоӣ,  фарҳангӣ, гузаронидани тадбирҳои варзишӣ  ва  фароғативу маишӣ, ба вуҷуд овардани муҳити созандаи муоширати  байни миллатҳо ва дину оини мухталиф барои аз назари сиёсӣ зираку  ҳушёр намудани ҷавонон мусоидат  менамоянд.

Маърифати сиёсӣ, динӣ ва дунявии ҷавонон бояд баланд бардошта шавад.  Корҳои фаҳмонидадиҳӣ, вохӯриву сӯҳбатҳо, таҳияи барномаҳои сиёсии телевизионӣ муҳим аст.  Ҳамчунин ҷоннок кардани нақши сохторҳое ки бо занон, ҷавонон корбарӣ менамоянд, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоату дигар сохторҳо барои пешгирии гароиши баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро муҳим аст.  Ва аз ҳама муҳимаш  ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ё рафтаниянд, таҳти назорати қатъии ҳам оила ва ҳам мақомотҳои дахлдор бояд қарор гиранд.

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои  хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ  намоянд.

Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи  кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Маҳз ҳамаи гуфтаҳои болоиро ба инобат гирифта, ҷавонону наврасон набояд фирефтаи ақидаҳои нопоки гурӯҳҳоии ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.

 

Қосимова М.И. – муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

You might also like