ҲАМВАТАНОН – ҲУШЁРИВУ ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ
Дар шароити муосир пас аз ба даст овардани истиқлолият, ҷомеаи имрӯзаи мо ободу озод аст. Дар тамоми мамлакат барои зиндагии осудаи мардуми мо ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар навбати худ таъкид бамаврид аст, ки ба шарофати сиёсати имрӯзаи ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.
Вале дар замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона оромии мардуми мамлакатро вайрон кунанд.
Санаи 17-18 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшон дар ҳайати 200 нафар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Хоруғ — Кулмаро дар се нуқта баста, ҳаракати ҳама навъи воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд. Онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ — террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд.
Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.
Кирдори мазкур, барқасдона ба муқобили сохти конститутсионӣ равона шуда, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимот итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.
Дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой доранд.
Мутаасифона ашхосоне ҳам ҳастанд, ки берун аз Тоҷикистони азиз умр ба сар бурда ба ҷои он ки мисли шаҳрвандони кишварҳои пешрафта ва тамаддунофар ба Ватани аҷдодӣ дасти ёрӣ расонанд, сармоягузорӣ кунанд, дар андешаи рушди он бошанд, баръакс бар оташи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ равған мерезанд, вазъро боз ҳам печидатар месозанд. Ман ҳамчун зодаи Бадахшон нисбат ба чунин ашхос эҳсоси нафрат дорам. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки агар ба Ватани худ фоида расонида наметавонед, хоҳиш мекунам, масъулияти инсонӣ ва меҳри ҳамдиёриро барои таъмини суботу оромии кишвар гум накунед.
Вазифаи мо ва аҳли ҷомеа аст, ки ҷавонони гумроҳро аз зери таъсири он ҷинояткороне, ки барои ватани аҷдодӣ ақаллан дарахтеро сабз накардаанд, хиштеро болои хиште нагузоштаанд ва дар назари ҳамдиёрон ғайр аз ҷинояту бадномӣ хотираи дигаре боқӣ намегузоранд, берун созем.
Таърих гувоҳ аст, ки кишвари мо дар солҳои навадум оташи ҷанги шаҳрвандиро дидаем, бадбахтию хонавайрониро аз сар гузарондем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад.
Давлат ва ҳама гуна созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри тоза нигоҳ доштани ақли солими ҷомеа корҳои дурусти фаҳмондадиҳӣ мебаранд, ки ин амал пеш аз ҳама ба манфиати худи шахс аст. Мо ҳаминро ҳис мекунем, ки давлат сиёсатеро пеш мебарад, ки он асоси озодиҳои виҷдон, кору амалҳои созанда, ободкорӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, рӯзғорӣ обод, зиндагии осудаҳолонаро роҳандозӣ мекунад.
Қаюмов Ф.Ғ. – Дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минатқа