ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 05 ноябри соли 2016 дар суханронии худ бахшида ба рӯзи Конститутсия қайд намуда буданд, ки “Таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат буда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шикли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардида, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванд, кулли ҷамъият ва давлат ба шумор меравад”. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқӣ ва ҳифзи арзишҳои зикршуда тавассути Конститутсияи Тоҷикистон, Кодекси Ҷиноятии ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат яке аз вазифаҳои асосии қонуни ҷиноятӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ дониста шудааст.
Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат дар масири таърих ва дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ бо номҳои “ ҷиноятҳои давлатӣ”; “ ҷиноятҳо ба муқобили давлат”; “ҷиноятҳои контрреволютсионӣ”; “ ҷиноятҳои сиёсӣ” истифода мегардиданд.
Мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, кор карда баромадани роҳҳои самараноки пешгирии чунин ҷиноятҳо доимо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро дар ҳар як паёми худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба масъалаи таҳдиди ифротгароӣ, терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил ба давлату ҷамъият масъаларонӣ, пешниҳодҳо ва вазифаҳои мушаххас матраҳ карда мешавад.
Инкишоф ва мукаммалнамоии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ доимо сабаби зарурияти ҳалли мухолифати асосӣ байни инкишофи протсесҳои объективии нави ҷамъият ва далат ва шакли куҳнашудаи ҳуқуқии инъикоси онҳо мегардад. Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва маданияти давлатро, ки то соли 1998 ҳамчун “ҷиноятҳои давлатӣ” ном мебурданд, таърихи куҳан дошта, аз замони пайдоиши аввалин давлатҳои тоҷикон ташаккул ва давра ба давра то замони имрӯз инкишоф ёфтаанд.
Ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва манияти давлат яке аз вазифаҳои асосии қонуни ҷиноятӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ дониста шудааст. КҶ ҶТ дар боби 29 ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат пешбинӣ намудааст.дар зери мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) ба ҷамъият хавфноки бо қонуни ҷинояти пешбинишудае фаҳмида мешавад, ки қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир шуда, ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат, ки Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи мустаҳкам ва кафолат додашуда таҷовуз меоварад.
Ин гуруҳи ҷиноятҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат таҷовуз мекунанд, ки дар як вақт онҳо ба сифати объекти намудии ( вобаста ба номи боби КҶ ) ин гуруҳи ҷиноятҳо баромад мекунад.
Асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун институти ҳуқуқи дар моддаи 1-уми Коститутсияи ҶТ инъикос гардида фарогирандаи чунин арзишҳои муносибатҳо мебошад: шакл ва мошияти давлат ; рамзҳои давлатӣ; арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии он; соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои он; тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани марзи давлатӣ; эътибори олии ҳуқуқӣ ва мустақиман амал намудани Конститутсияи ҶТ; Қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил кардани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст; сиёсати сулҳҷуёнаи хориҷии Тоҷикистон; асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил кардани гуногуншаклии моликият, баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият дар шакл ва мазмуни олии ҳуқуқи муқаррар шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи ин муносибатҳо ва арзишҳо бевосита таҳти ҳимояи боби 29 КҶ ҶТ қарор дода нашудаанд. Баъзеи ин муносибатҳо ва арзишҳо тавассути бобҳои 16, 19,26, 27, 31 ва 34 КҶ ҶТ ҳифз карда шудаанд.
Вобаста ба боби 29 КҶ ҶТ ба таркиби асосҳои сохтори конститутсионӣ ҳамчун объекти намуди истиқлолияти давлатӣ, сохти конститутсионии давлат, дахлнлпазирии арзӣ, ҳокимияти давдлатӣ, тамомияти арзии ҶТ, бароюарҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, фаолияти давлатӣ ё дигар фаолияти сиёсӣ дохил мешаванд, ки КҶ ҶТ онҳоро дар моддаҳои 305-313 аз аҷовузи ҷинояткорона ҳифз намудааст.
Категорияи амнияти давлат дар баробари асосҳои сохтори констиутсионӣ ҳамчун объекти намудии ин ҷиноятҳо баромад менамояд. Зери мафҳуми амнияти давлат одатан ҳолати муҳофизатии манфиатҳо ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ фаҳмида мешавад. Амнияти давлат бо манфиатҳои миллии ҶТ, яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат; рушду устувории иқтисодиёти кишвар; тағйирнопазирии сохти конститутсионии ҶТ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он; фаолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаолияти онҳо; таъмини муҷаҳҳазгардонӣ ва омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қушунҳо ва воҳидҳои ҳарбии ҶТ; таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ алоқаманд мебошад.
Қодирӣ А.Ҳ. – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1.24.01.02 ДДҲБСТ