АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН
Соли 2017 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани “Соли ҷавонон” басо фараҳманд буда, ҷавононро бо кӯшиши дучанду сечанд ба донишандӯзӣ, кору пайкор, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ содиқона ба Ватан хизмат кардан, ҳифз ва ба амал татбиқ намудани арзишҳои миллии ниёгонамон водор месозад.
“Футувватномаи султонӣ”, ки имрӯз китоби рӯи мизии мо гардидааст, нур аз дурдонаҳои ҳикматанд. (футувват лафзи арабӣ мебошад, ки маъноҳои ҷавонмардӣ, сахо ва карамро ифода менамояд. Маънои султонӣ мансуб ба султон, яъне подшоҳӣ, салтанатдорӣ аст, ки вожаи арабист.) “Футувватномаи султонӣ” боарзиштарин осори панду ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ буда, бо фароҳам гирифтани мавзуоти гуногун, ки ба тамоми тарафҳои ҷараёни ҷавонмардӣ бахшида шудааст, аҳамияти бузурги ахлоқиву илмӣ ва адабиву маданиро дорост.
Дар фасли аввали боби аввали “Футувватномаи султонӣ” оварда шудааст, ки шароити футувват ҳафтоду як буда, чилу ҳашт вуҷудӣ ва бисту се азалист. Аммо он чи вуҷудӣ аст: сеюм – ақл; чорум – илм; панҷум – ҳилм; ҳаштум – сидқ; нӯҳум – карам; даҳум – муравват; ёздаҳум – шавқат; дувоздаҳум – эҳсон; сенздаҳум – вафо; чордаҳум – ҳаё; шонздаҳум – шуҷоат; ҳабдаҳум – ғайрат; хаждаҳум – сабр; бисту сеюм – пӯшидани асрор; бисту ҳаштум – ҳурмати волидайн; бисту нӯҳум – хидмати устод; сиюм – ҳаққи ҳамсоя; сиву шашум – сӯҳбат ба оқилон; чилу шашум – аёдати бемор ва ғайраҳо.
Муҳаммад Закариёи Розӣ осори Гипократу Гален ва дигар донишмани Юнону Рим, Ҳинду Миср, Чину Сурияро омӯхта, тибби назариро ба амалӣ пайваст. Ӯ бори аввал фарқи бемории обиларо аз сурхак иуайян карда, усули гулбуриро дар муолиҷа истифода намудааст. Ба ақидаи Ю.Нуралиев “Розӣ аввалин донишмандонест, ки имконияти бо усули кимёвӣ сохтани доруҳои сунъиро ба аҳли башар пешкаш намудааст. Ӯ усули алкаҳол ва сулемадихлориди симобро кашф намудааст ва аввалин табибест, ки тори (кетгути) аз рӯдаи борики гӯсфанд сохтаро барои дӯхтани захм ва докаро барои бастану захму ҷои ҷарроҳӣ истифода бурдааст”.
Вай чангаки махсуси фулузиро барои бартараф намудани ҷисми ба гулӯ афтода ихтироъ кардааст.
Абӯбакри Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ (865 – 935) дар асари машҳури худ “Тибби рӯҳонӣ” мақсади асарро чунин баён намудааст: “Мо гуфтанӣ ҳастем, ки мақсади асосии “Тибби рӯҳонӣ” иборат аз ислоҳ кардани ахлоқи нафс аст.
Закариёи Розӣ масъулиятнокии худро дар ошкор сохтани хислатҳои пурихтилофи нафси инсонӣ ва тасвири мавқеи баланди рӯҳия дар ҳаёти инсонӣ ҳис намуда, аз забони Афлотуни ҳаким меоварад: “Афлотун изҳор мекунад, ки инсон бояд дар тибби ҷисмонӣ, ки он тибби машҳур аст, низ кӯшиш бикунад, аммо тибби рӯҳонӣ бояд ба далелу бурҳонҳо нафсро барои мӯътадил намудани афъоли нафсҳо конеъ ва инчунин тарбия кунад”.
“Тибби рӯҳонӣ” аз бист фасл иборат буда, ҳар як фасли он ба як рукни асосӣ ва машҳури хулқу рафтори зиндагӣ бахшида шудааст. “Тибби рӯҳонӣ” на танҳо асари фалсафӣ, тарбиявию ахлоқӣ, балки яке аз осори муҳими таълиму тарбия буда, барои ҷавонон мавқеи намоёнро ишғол менамояд.
Дар фасли шашӯми китоб, ки “Такаббурию худписандӣ” ном гиифтааст муаллиф овардааст: “ Дар тасаввури худписанд беҳтар аз чизи ӯ чизи дигар вуҷуд надорад”. Вожаи такаббур арабист ва худписанд тоҷикӣ аст, маънои такаббур – мағрурӣ, ғурур, худписандӣ, калимаи худписандӣ – худбин, худпараст, калонгир, матакаббир мебошад.
Агар худписандро амале писанд ояд, онгоҳ вай аз ин навъ амал вуҷудиёти дигар амали болотару афзалтарро қабул надорад. Пас ҳар касе, ки гирифтори чунин нуқсон аст, агар ислоҳи онро нахоҳад, ин кас аз қарнҳо ва ҳасолони худ ҳатман ақиб мемонад. Агар наздикону ҳамсолони вай худписанд набошанд, онгоҳ он нуқсонҳо такомул нашаванд (ислоҳ намешаванд).
Дар фасли ҳафтум – “Ҳасадбарӣ” оварда шудааст: “Аслан ҳасад дарде аз дардҳои нафсонист, ки дорои зарарҳои беҳисоб мебошад”. Ҳасад лафзӣ арабӣ мебошад, ки маънои он рашк, нотавонбинӣ, пешрафти касеро нахостан аст. Аммо воситаҳое вуҷуд доранд, ки ба имдоди онҳо ҳасадро, мумкин аст дафъ кард. Дар натиҷаи фикр кардану андеша намудан баҳраи зиёде бар оқил ҳосил мегардад.
Дар фасли нӯҳум, ки ба худдороӣ аз дуруғгӯӣ бахшида шудааст Закариёи Розӣ овардааст: “Аммо одами оқил худро ба чизе, ки оқибати он хавф дорад, чаро гирифтор кунад. Бинобар ин одами оқил ҳамеша чӣ дар сухан ва чӣ дар ирода ҳаққонию ҳақиқатпараст бошад”. Дурӯғ низ яке аз падидаҳои бадест, ки он аз ҳавою ҳаваси ғайримӯътадил сарчашма мегирад. Инсон аксаран агар нопухта ва ба камолоти ақлӣ нарасида бошад, ба такаббурӣ ва ҷоҳталабӣ майл меоварад. Сухани дурӯғ тоҷикӣ буда, маънои гапи аз ҳақиқат ва савоб дур ва норостро мефаҳмонад.
Дар фасли даҳӯм, ки “Мумсики” ном гирифтааст мо феъли мумсикиро ба қатори падидаҳои мутлақи ҳавою ҳавас гузошта наметавонем, зеро ки шахсонеро дучор омадан мумкин аст, ки аз тарси воқеаҳои рузгор моли худро сахт ба даст гирифтаанд. Агар ин баёнотро ба тарзи дигар ифода кунем, онгоҳ чунин шахсон ҳаргиз аз мумсикӣ ва ҷиҳатҳои дигари он аз қабили хасисӣ, чашмгуруснагӣ ва ғайра лаззат намебаранд. Инсониятро зарурате пеш меояд, ки бар зидди ин хислати ношоистаи қисман дар натиҷаи ҳавою ҳавас ба вуҷуд меомада, мубориза барад.
Вожаи мумсик аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои хасисро ифода менамояд.
Дар фасли нуздаҳум, ки “Рафтори бофазилат” ном гирифтааст, чунин сатрҳоро дида метавонем: “Мардумро ёд медоданд, ки бо якдигарашон лутфу марҳамат дошта бошанд. Онҳо ба ҳамаи мардум насиҳат мекарданд, ки барои нафъи умум, кӯшиш намоянд. Аммо он касоне, ки ҷабру зулм ва сиёсати фосидро пешаи худ менамуданд, ба хараҷу мараҷ ва сиёсати абаскорӣ роҳ медоданд, аз гунаи одамон намеҳисбиданд”. Инчунин дар ин боб таъкид шудаст, ки инсон агар сират дуруст кунад ва рафторашро нек созад, аз зарари мардум наҷот меёбад ва соҳиби ҳурмат мегардад.
Дар фарҷоми сухан ва хулоса гуфтаниям, ки дар китоби муқаддаси Авасто шиори “Пиндори нек, кирдои нек, гуфтори нек” бояд шиори доимии ҳамарӯзаи ҷавонони пуршарафи Тоҷикистони азизамон гардад. Калимаи пиндор, кирдор, гуфтор лафзи тоҷикӣ аст: пиндор – фикру хаёл, тасаввур, кирдор – рафтор, кор, амал, гуфтор – сухан, калом, гап, қавл мебошад.
Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ