Доир ба хиёнатҳои ташкилоти экстромистиву террористии ҳизби наҳзати ислом

Терроризм, махсусан  даҳсолаҳои  охир  оқибатҳои зиёди харобиовар ва  талафоти   зиёди   ҷонӣ аз худ  боқи  гузошта,   монеаи ташаккули ҷомеаи  ороми  башаррият гардидааст.   Бахусус, Тоҷикистон соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқен, таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст.

Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Чи тавре маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб (пайдоиш ва ташаккули ҲНИТ) намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифз ва арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад.     Хушбахотна баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва   2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад  аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро  имрӯз дини мубини ислом   аз  ҷониби   баъзе   гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст.     Дар ин замина, мо бояд таҳдид   ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.    Аз  таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрӯзаро ба худ нигарон намудааст.  Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои    асосӣ   доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тозаҳуроти террористӣ мебошад.   Имрӯз  ҳамаи   мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодаем, ки дар ҷаҳони ислом ваъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо   ва технологияҳои   иттилооти муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз  таҳлили  фазои иттилоотӣ метвон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаи охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст.       Мутасифона    ин   раванд    барои     амнияти   кишвар   ва    минтақа     хатар    ва   паёмадҳои   манфӣ   дорад.   Хатари   аслии   ин    падида   дар он   аст,       ки    имрӯз    баъзе    аз   ҷавонони   мо   таҳти   таъсири   таблиғоти   доираҳои   муайяне,    ки   дар   минтақа   қарор   доранд   ва    мақсади     асосиашон   нооромссохтани   вазъи   сиёсии  минтақа   мебошад. Онҳо ба    василаи   истифода   аз   дин    ва     эътиқодоти    динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тадриҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан   ин   нуктаро   Асосгузори сулҳу Ваҳдат – пешвои миллат, Президенти  кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ”  ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои   илмӣ  ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсадӣ амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

 

Мухиддинов М. – дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like