НОМАИ ШОДБОШИ: Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонон имрўз ва фардои ободу дурахшони Ватани биҳиштосои мо маҳсуб мешаванд. Ин нуктаи сарнавиштсоз дар ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўшан ва комилан дақиқ ба назар расида, дар хотири ҳамагон пайваста зеҳннишин мешавад.

Воқеан, рўзгори зебою хушгувори имрўзаи мардуми босаодати мо бахубӣ  гувоҳ аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлол дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва хушбахтона, самараҳои гуворо ба бор меоварад.

Дар ҳошияи ин ҳама пуштибонӣ имрӯз ҷавонон бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш, андешаҳои созанда, тафаккури бунёдкорона барои мустаҳкам намудани истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ дар кишвар саҳм гузошта, бо дарки қарзи шаҳрвандии хеш дар назди Модар – Ватан ва барои ҳифзи суботи сиёсӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат менамоянд.

Тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ аз вазифаҳои асосии се ниҳод – оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, ин рисолати таърихиро ҳайати профессорию омўзгории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо камоли масъулият дарк менамоянд ва барои ҳарчӣ муваффақона татбиқ сохтани он тамоми ҷидду ҷаҳд ва маҳорату малакаи хештанро ба кор хоҳанд бурд.

Итминони комил ҳаст, ки маъвои хиради мо ҷавонони арзанда – мутахассисони муносиби давру замонро омода сохта, ба шоҳроҳи зиндагӣ ба хотири эъмори рўзгори ободу зебо ҳидоят менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи Шумо –донишҷўёни азизро бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик намуда, таманнои онро дорем, ки аз ҷавонии шумоён замину замон ва саросари ҷаҳон ҷавону ҷовидон бимонад, зеро ҷавонӣ рамзи ҷовидонист!

Рўзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

You might also like