Коррупсияву ифротгароӣ – хилофи суботу оромист
Коррупсия ва экстремизму терроризм аз кирдорҳои хавфноки замони муосир шинохта шуда, дар баробари заиф намудани пояҳои иқтисодӣ ба амнияту суботи ҳар кишвар таъсиргузор аст. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷавонон махсусан донишҷӯён аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, кирдорҳои ноҷо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии онҳо имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндаи прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Тақдирзода, сардори шуъбаи тафтишотии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковнии адлия Дилшод Зарифӣ ва ҷонишини раиси комиссияи ҷамъиятии муқовимат ба коррупсияи МИҲД-и вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Нахуст, намояндаи прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори калони раёсати назорати қонунӣ будани санадҳо ва парвандаҳои ҷиноятӣ Рустам Тақдирзода перомуни сабабу омилҳои гаравиши ҷавонон ба равияҳои хатарзо ва қонуншиканиву ҷинояткорӣ маълумот дод. Надоштани дониш ва маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳсил дар муассисаҳои ғайрирасмии динӣ дар хориҷи мамлакатро ӯ омили асосии ифротӣ гардидани шаҳрвандон донист.
Сипас, сардори шуъбаи тафтишотии раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ вобаста ба паёмадҳои хатарзои коррупсия ва таъсири он ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ибрози назар кард. Ӯ сар задани ҳодисаҳои коррупсиониро ба маърифати пасти ҳуқуқии сокинон марбут кард.
Намояндаи МИҲД- и вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ бошад дар идомаи мулоқот оид ба санадҳо меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал дод. Номбурда муборизаи дастаҷамъонаро барои коҳиш додани шиддати коррупсия роҳи муассир маънидод намуд.
Дар қисмати дуюми мулоқот маросими чамъбасти озмунҳои мақолаи публитсистии беҳтарин дар байни донишҷуён ва расми беҳтарин дар байни хонандагони Литсейи донишгоҳ дар мавзӯи муқовимат ба коррупсия баргузор шуд.
Ғолибони озмунҳои мазкур бо Сипосномаву Ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.