Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар самти пешгирии савдои одамон

19 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзўи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, зӯроварӣ дар оила ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа» мизи мудаввар доир гардид.

Чорабинӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» доир шуда, дар он намояндагони Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа», «Чашмаи хаёт» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷўён фаъолона иштирок намуда, оид ба пешгирии савдои одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳоҷирати бехатар фикру ақидаи худро иброз намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба савдои одамон ва оқибатҳои ногувори он буд.

You might also like