Дарси ватандориву худшиносӣ бо ҷавонон
Нимаи дуюми рӯзи 17 май ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъол мулоқот доир кард. Мулоқоти судманд дар доираи Моҳвораи ҷавонон баргузор шуд. Нахуст мудири бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ, Дилшод Саломов вобаста ба баргузории чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон маълумот дод. Қайд шуд, ки дар доираи моҳвора дар донишгоҳ як қатор озмуну мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили мусобиқаҳои футбол, волейбол байни донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Сипас, роҳбари донишгоҳ Шарифзода М.М. бо таваҷҷӯҳи хоса вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳониро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дода, перомуни рушди илму технология, рақобатпазирии илм бо истеҳсолот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамзамон ноустувории вазъи сиёсӣ дар кишварҳои ҷаҳон, қудратталабии абарқудратҳо, ихтилофҳои зиёд дар равияву гурӯҳҳои манфиатҷӯ ибрози назар кард. Роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯёни фаъол даъват намуд, ки онҳо бояд дар байни қишрҳои дигари ҷомеа аз нигоҳи гуфтору рафтор, хату савод, ҷаҳонбинӣ намуна бошанд. Илова гардид, ки ҳифзи Ватан, марзу бум, ҳимояи хоки поки аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи имонӣ ва виҷдонии тамоми сокинони кишвар махсусан ҷавонон мебошад. Замоне фаро расидааст, бояд ҳар ҷавонмард нахуст ба Ватан-Модари хеш хизмат намояд, арзишу муқаддасоти милливу давлатиро ҳимоя намояд, илова кард сарвари донишгоҳ.
Дар мулоқот вобаста ба мавзӯҳои матраҳшаванда донишҷӯёни фаъол низ фикру андешаҳояшонро баён намуданд.







