ДДҲБСТ: Ваҳдати миллӣ – дастоварди беназири замони Истиқлолият
17 майи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши ҷамъбастии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ- дастоварди беназири замони Истиқлолият” баргузор гардид.
Ҳамоиши ҷамъбастӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, ҳозирин сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзодаро бо мароқи том шуниданд. Иброз шуд, ки дар пойдории давлат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон назаррас аст. Ин ташкилоти бонуфуз байни мардум обрӯву нуфузи калон дошта, барои сарҷамъ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, татбиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ иқдомҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Тибқи рӯзномаи чорабинӣ нахуст котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятӣ Аъзам Ҳотамӣ ба минбар баромада дар мавзӯъи «Аз таърихи расидан ба Ваҳдати миллӣ» сухан карда, аз рӯзҳои душвор ва сахту сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, кӯшишу заҳматҳои Асосгузорис улҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастоварди беназири миллати тоҷик, сулҳу ваҳдати миллӣ мисолҳои мушаххас овард.
Муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Аҳоророва бошад, маърӯзаи худро ба шеърҳои ба ваҳдати миллӣ бахшидаи шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ бахшид. Мавсуф бо овардани байтҳову таҳлилҳоли амиқ баён дошт, ки то чӣ андоза шабу рӯзҳои даргир шоир ғусса мехурд ва дарду аламҳояшро дар ашъори нобаш инъикос намудааст.
Дар идома, декани факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Ислом Раҳимов перомуни ҷавонон ва андешаи солим ибрози андеша кард.
Дар маърӯзаи худ ассистенти кафедраи забонҳои хориҷиии ДДҲБСТ Рустамзода Завқиддин таҳти унвони «Барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ чун марҳилаи муҳим дар таҳкими сиёсати хориҷии Тоҷикистон» тавонист ба таври равшану возеҳ нишон диҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон ба сиёсати хориҷии давлат то чӣ андоза таъсири мусбӣ расонду ба таҳкими муносибатҳои байналмилалии кишвар бо давлатҳои хориҷа мусоидат кардааст.
Баромади шоираи ваҳдатсаро Гулноз Тоҳириён ва шеъру ғазалҳои ба ватан, ваҳдат ва дустиву рафоқат байни одамон бахшидааш, табъи ҳозиринро болида кард.
Дар интиҳо беш аз 20 нафар беҳтарин муаллифон-донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи махсус, ки дар мавзӯъи ««Ваҳдати миллӣ-дастоварди беназири замони Истиқлолият» иншо навиштаанд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раёсати ДДҲБСТ сарфароз гардонида шуданд.
















