“Шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳат дӯстдорони сухани волоро шод кардааст” – бардошт аз маҳфили адабию фарҳангӣ
Сайре дар шеъристони Лоиқ” – бо ин ном имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили ширу шакар баргузор шуд. Маҳфили адабию фарҳангӣ ба ифтихори зодрӯзи ин шоири шӯҳратёр роҳандозӣ гардида, дар он дӯстдорони ашъори Лоиқ Шералӣ, дилбохтагони адабу фарҳанг ва аҳли қалам ширкат намуданд. Садри маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, шоираи маҳбуби кишвар Фарзона буд. Нахуст шоира Фарзона перомуни таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ба адибон ва нақши онҳо дар тарғиби арзишҳои милливу дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Дар идома шоира дар мавриди хотирот бо Лоиқ Шералӣ ва ашъори ноб ӯ ибрози андеша кард.Иброз шуд, ки шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳат бо растохезҳои пиндору андеша, бо суннатгароиву суннатшиканиҳои диловарона, бо ишқу ормону башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, бо ҷазаботи инсониву кайҳонӣ, бо пояҳову мояҳои милливу башарӣ – бо рӯҳи фотеҳи офоқгираш дили дӯстдорони сухани волоро шод кардааст. Илова гардид, ки устод Лоиқ ҳамон падидаи истисноист, ки бо рабоиши бузурги инсониву шоириаш дилҳои ҳамагонро дар инҳисори муҳаббат нигоҳ медорад.
Дар идомаи маҳфил сарояндагони маҳбуби кишвар Саидқодир Ёқубов ва Умарҷон Қобилов бо сурудҳои дилнишини хеш, ки матни онҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ мебошад, хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар интиҳои маҳфил сипосмандии раёсати донишгоҳро ба иштирокчиён хосатан Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона расонида, қайд намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо ҷавононро ба худшиносиву маърифатпарварӣ, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба ашъору осори бузургон раҳнамун месозад.
Маҳфили ширу шакари “Сайре дар шеъристони Лоиқ” хубу хотирмон ба интиҳо расид.








