Таҷрибаомӯзӣ қадами устувор барои фаъолияти минбаъда

Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақомоту идораҳо сол аз сол густариш меёбад. Дар доираи шартномаҳои ҳамкории дуҷониба донишҷӯёни донишгоҳ таҷрибаомӯзиашонро мегузаронанд ва дар бештар маврид вобаста ба ихтисос соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси ҳуқуқшиносии донишгоҳ таҷрибаомӯзии пешаздипломиашонро дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузарониданд.

Ҳимояи ҳисоботи донишҷӯён дар макони таҷрибаомӯзиашон бо иштироки роҳбари таҷрибаомӯзӣ-намояндаи раёсати Агентӣ, декани факултет, мудирони кафедраҳо ва мудири шуъбаи тачрибаомӯзии донишгоҳ доир гардид.

Зимни ҳимояи донишҷӯён иброз шуд, ки донишҷӯёни фаъол, ки давоми таҷрибаомӯзӣ аз худ маҳорату малака нишон медиҳанд  дар натиҷаи гузаштан аз озмун соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

Аз ин рӯ донишҷӯёнро лозим аст дар баробари азхуд намудани донишҳои ихтисосӣ малакаи кор бо технологияи муосир ва забономӯзиашонро тақвият бахшанд. Зеро ин ду омил талаботи замон дар ҳар коргоҳу корхонаи кордиҳанда арзёбӣ мешавад.

You might also like